Зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон дар Дашти Лучи ноҳияи Дарвоз санги асос гузоштанд.
Дашти Луч дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир ва дорои 500 гектар замини обёришаванда мебошад. Ба ин мавзеъ аз дарёчаи Хостроғ, ки дар масофаи 17,5 километр дурӣ ҷойгир аст, об оварда мешавад. Канал аз байни талу теппаҳо гузашта, барои обёрӣ кардани 315 гектар замини иловагӣ дар ин минтақа шароит фароҳам меорад.
Тибқи баҳои мутахассисони ноҳияи Дарвоз, дар ин замина 247 гектар заминҳои корам, 8 гектар боғ бо оби полезӣ таъмин ва 17 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ обёрӣ мешаванд.
Сохтмони канали мазкур тибқи дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида оғоз ёфтааст.
Обёрӣ гардидани Дашти Луч заминаи боэътимоди рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Дарвоз хоҳад шуд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»