Бо мақсади рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар ноҳияи Дарвоз аз ҷониби соҳибкорон бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор барномаҳо ва корҳои муҳим ба ҷо оварда мешавад.
Тибқи иттилои муовини раиси ноҳияи Дарвоз Диловар Қосимӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия барои рушди сайёҳӣ як қатор корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ ба ҷо оварда шуд. Шаҳраки Қалъаихумб ва марказҳои деҳоти «Сағирдашт», «Нулванд», «Қалъаихумб» ва «Вишхарв» торафт ободу зебо мегарданд. Алалхусус, истироҳатгоҳҳои «Чорчаман», «Лаби оби Хумбов», «Сафедорон», «Шоми Бадахшон», инчунин зери чанорҳои деҳаҳои Кеврону Курговад, мавзеъҳои Хостав, Сохинг ва Ҷорф ба макони истироҳатии сайёҳони хориҷию ватанӣ ва ронандагону мусофирон табдил ёфтаанд. Мутаассифона, дар марказҳои деҳоти ноҳия иншоот ва биноҳо ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳозиразамон ҷавобгӯ нестанд.
Бояд қайд намуд, ки ин камбудӣ ва нуқсонҳо аз ҷониби масъулин бартараф мегарданд. Ҳоло аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо кумаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз чандин марказҳои хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Аз ҷумла, бо саъю талоши бародарон Сулаймон ва Давлатхон Муллоёровҳо дар наздикии деҳаи Яхчи миёна, ки дар ҳудуди мамнӯъгоҳи «Сайёд» мебошад, маҷмааи сеошёна «Тангнои Дарвоз» дар доираи истиқболи сазовори 35 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истодааст.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»