Дарвоз ободу зеботар мегардад

№ 16.09.2024

defaultДар ноҳияи Дарвоз корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома ёфта, аз ҷумла бунёди бинои чорошёнаи меҳмонхонаи «Дарвоз-Континентал», майдони «Ромишгарон», гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат, бинои комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҶДММ «Рател-Паста» ва сохтмони даҳҳо муассисаи таълимию тиббӣ ва фарҳангию маишӣ далели гуфтаҳои болоанд.

Феълан дар деҳаи Зеви деҳоти Қалъаихумб дар масоҳати 2,16 га барои сохтмони ҳавзи парвариши моҳӣ қитъаи замин ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бомаром идома дорад ва он давоми соли равон ба истифода дода мешавад.

Дар деҳоти Сағирдашт бинои дуошёнаи таваллудхона ба маблағи 1,3 миллион сомонӣ, бинои маъмурии Љамоати деҳоти Сағирдашт ба маблағи 2,6 млн сомонӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии деҳаҳои Сафедорон ва Лангарро ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ, мағозаи тиҷоратӣ дар маркази деҳот ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ бо сањми шарикони рушд, соҳибкорон ва буҷети давлатӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Умуман, дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат вусъат ёфта, рушд намуда, роҳбарият ва сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз ин неъмати ноёб баҳри ободии ин минтақаи дурдасти кишвар ҳамарӯза заҳмат мекашанд.

М. ИМОМНАЗАР,    

«Садои мардум»