Дарвоз. Таваҷҷуҳ ба рушди истеҳсолот меафзояд

№8 (4270) 21.01.2021

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Дарвоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон корхонаи  коркарди асалро  дар  мавзеи Дуробак, ки зарфияти истеҳсолиаш  дар як сол 1500 тонна асал, мураббову шарбати анор, анҷиру ангур ва лимӯ  мебошад,  мавриди истифода қарор доданд. Дар ин замина имкон фароҳам омад, ки ронандагону  мусофирон ва меҳмонон маҳсулоти  аълосифат ва ба чандин дард давобахши корхонаро дар зарфҳои махсуси зебо харидорӣ намоянд. Ҳоло маҳсулоти  корхона ба шаҳру навоҳии Бадахшон, шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар содирот мешавад.

Сокинони вилоят дар хотир доранд, ки дар даврони шӯравӣ танҳо дар шаҳри Хоруғ корхонаи оҳану бетон, коргоҳи дӯзандагӣ,  комбинатҳои гӯшту шир ва нонпазӣ вуҷуд доштанд. Дар  дигар манотиқ танҳо корхонаҳои коркарди мармар фаъол буданд. Комбинатҳои хизмати маишӣ бошанд, дару тиреза сохта, ба сокинон пешниҳод мекарданд.

Бо дастгирии   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои   миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳама  манотиқи вилоят, аз Сағирдашт  то Мурғоб, корхонаҳои  саноатӣ эъмор шуданд.

Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки барои дар оянда  таъмин намудани корхонаи мавриди назар бо маҳсулот хоҷагиҳои нави занбӯриасалпарварӣ таъсис дода мешавад. Дар баробари ин, ривоҷ додани лимӯ ва анҷиру анорпарварӣ дар назар аст. Ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки иқтидори истеҳсолии корхонаҳо афзун ва содироти маҳсулот бештар гардад.

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

 «Садои мардум»