Ин деҳаи хушманзара (манзур Қипчоқ) ҳоло Чашмасор ном дошта, дар 20-километрии маркази ноҳияи Муъминобод воқеъ буда, таълимгоҳи муҳташам дорад. Дар он 18 июни соли равон давраи дуюми санҷиши 19 довталаби Квотаи президентӣ доир шуд. Масъулони шуъбаи маорифи ноҳия бо роҳбарии директори Маркази дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Муъминобод Худоёр Одинаев, намояндаи рӯзномаи «Омӯзгор» А. Шарифов, сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Б. Раҷабов ҳузур доштанд.
Муҷиби ба он ҷо омадан баҳси чанд рӯз пеш шунидаам буд. Гап сари он буд, ки квотаҳо ба донишдорон не, балки «долядиҳандагон» насиб мегардад. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯи курси якум, ки аз тариқи квота дохил шуд, ба пурсишҳои одии муаллим ҷавоб гуфта наметавонад. Омӯзгор дар фикру андеша ғӯтавар мешавад, ки чӣ тавр хонандаи нодон соҳиби квота гардидааст.
Аз намояндагони Раёсати маорифи вилояту Вазорати маориф ва илм дарак набуд. Оқибат онҳо низ вориди мактаб гаштанд. Даробаро зиёд, падару модаронро иҷозаи дар санҷиш иштирок кардан надоданд. Он чиз боиси тааҷҷуб гардид, ки ду довталаб аз санҷиш баромада ба ҳама эълон доштанд, ки соҳиби квота шудаанд. Баъзе аз довталабон дер омаданд. Сабаб: онҳоро дер хабар карданд. Масалан, падаре аз он изҳори норозигӣ кард, ки онҳоро як рӯз пеш, бегоҳӣ соати 20-и бегоҳ хабар доданд. Абдураҳим Зарифов аз деҳаи Ҳанатарош гуфт, ки онҳоро касе хабар накарду аз рӯи овоза омаданд.
Баҳси дигаре, байни мухбири рӯзномаи «Омӯзгор» ва сармутахассиси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Сулаймон Юсуфалиев сурат гирифт.
Рӯзи дигар ба идораи Маркази дарёфти истеъдодҳо ва рушди ноҳия рафтем, то оид ба соҳиб шудани квота маълумоти бештар гирем. Дарҳо қулф, ҳама дар рухсатӣ… Агар Х. Одинаев дар рухсатӣ бошад, пас чӣ ҳуқуқ дорад, ки маъракаи тақдирсозро роҳбарӣ намояд?
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор