Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Дарёи Варзоб партовгоҳ нест»

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

Вобаста ба мақолаи «Дарёи Варзоб партовгоҳ нест», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 19 феврали соли 2022 таҳти №23 (4443) ба чоп расидааст, чунин маълумот пешниҳод менамоем:

Ноҳияи Варзоб минтақаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ҳар сол рафтуомади сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар мавзеъҳои сайёҳии ноҳия ба қайд гирифта мешавад.

Дар баробари ин, ҳангоми баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ташрифи меҳмонони олиқадр ба ноҳияи Варзоб пешбинӣ мегардад, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати татбиқи раванди корҳои ободонӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта дар шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ ва деҳаҳо ҳашарҳо гузаронида мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ноҳия Муассисаи давлатии «Раёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ» фаъолият менамояд, ки ҷиҳати баровардани партовҳои маишӣ бо 39 минтақаи истироҳатӣ, 11 ташкилоту корхона, 6 ошхона, 18 деҳаи ҳамшафати шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ шартнома бастааст. Дар ин марҳила 180 давр 540 тонна партовҳои сахти маишӣ ба партовгоҳи шаҳри Душанбе кашонида шуд.

Шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ оғоз аз километри 10 то 73-юми ноҳияи Варзоб ба филиали Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» вобаста шуда, аз ҷониби ширкати зикршуда дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳар рӯз тозагии роҳи мошингард таъмин гардида, партовҳо аз ноҳия бароварда мешаванд.

Инчунин, бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 таҳти №116 «Дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 19 октябри соли 2021 таҳти №845 «Барномаи маҳаллии маҷмӯи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ноҳияи Варзоб барои солҳои 2021 — 2025» қабул гардида, дар заминаи он чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодааст. Дар ин раванд, доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия 21 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» бо ҷалби беш аз 4450 сокини ноҳия ташкил шуд, ки дар натиҷа 92,8 тонна партов бароварда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати болобарии маърифати экологӣ баргузор мегардад.

Айни ҳол дар шафати шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ 47 қуттии оҳанин барои партов ҷойгир шуда, татбиқи чунин иқдом дар шаҳрак ва деҳот амалӣ шуда истодааст, ки бо мақсади тоза нигоҳ доштани соҳили дарё, мавзеъҳои сайёҳӣ, тозагии роҳи мошингард ва нигоҳубини дарахтони дар шафати шоҳроҳ аз километри 16,7 то 38-ум шахсони масъул вобаста шудаанд.

Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

М. ШЕРАЛИЗОДА,

раиси ноҳияи Варзоб