Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, 5 майи соли равон раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара омада, нахуст дар Беморхонаи марказӣ ба ҳар кадоме аз захмиёни даргириҳои мусаллаҳонаи 29 апрели соли равон кумакпулӣ супурд.
Ҳамин гуна аёдат ва дастгирӣ нисбат ба сокинони ҷароҳатбардоштаи ноҳияи ба номи Б. Ғафуров низ амалӣ гардид.
- Дар маҷмӯъ, барои 87 нафар сокине, ки дар натиҷаи даргирӣ захмҳои гуногун бардоштанд, ба миқдори аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ расонида шуд. Дар маҷмӯъ, ба оилаҳои 19 нафари ҳалокшуда ва 87 нафар захмбардоштагон 3 миллион сомонӣ кумакпулӣ равона гардид, — омадааст дар иттилоия.
Ҳамон рӯз, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ — фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ба манзили оилаҳои нафарони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи сарҳадӣ ба ҳалокатрасида омаданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба оилаҳои шаҳидон — сокинони деҳоти «Сурх» — Бахтовар Маҳмудов, «Чоркӯҳ» — Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Маҳкамов ва сокини деҳоти «Ворух» — Меҳрӯзиддин Болтаев рафта, аз номи Пешвои миллат ба пайвандонашон ҳамдардӣ баён карданд.
Аёдаткунандагон таъкид доштанд, ки «қаҳрамонии фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисории фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин сина сипар карданд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад».
Бино ба хабари расмии МИМҲД вилояти Суғд, ба аҳли оилаи нафарони зикршуда ба миқдори 70 ҳазор сомонӣ кумаки моддӣ расонида шуд.
- Дар ин радиф соҳибкорони бурунмарзии шаҳри Исфара низ саҳми хешро ҷиҳати дастгирии ҳамдиёронашон гузошта, ба оилаҳои шаҳидон ёрӣ расонида истодаанд, — гуфт зимни суҳбати телефонӣ иҷрокунандаи вазифаи котиби матбуоти раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов. — Масалан, Сорбон Савриддинови ворухӣ, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия фаъолияти соҳибкорӣ дорад, ба аҳли оилаи 19 нафар шаҳид 15 ҳазорӣ, 33 нафар захмбардоштагон 5 ҳазорӣ ва 6 нафаре, ки ҷароҳаташон вазнин аст, 10 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ фиристодааст.
Раҷаббой Аҳмадзода вақти бозгашт ба манзили сокини шаҳри Конибодом Нозим Каримов ва сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Умедҷон Юсупов, ки дар низои наздисарҳадӣ ба шаҳодат расиданд, ташриф оварда, кумакпулӣ супорид.
Тибқи иттилои расмӣ, кумаки моддӣ ба оилаи шаҳидони низои мусаллаҳона Ҷасур Сиярқулов (Деваштич), Сафархӯҷа Ҳасанов (Фархор), Аслиддин Абдузамонов (Нуробод), Некрӯз Ғафурзода (шаҳри Турсунзода), Салоҳиддин Гадоев (Ховалинг), Маҳмадулло Раҷабзода (Муъминобод) ва Абдулло Саидов (Нуробод) низ дастрас гардид.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»