- Соли 2023 барои сокинони ноҳияи Рашт бобарор омад, — гуфт дар суҳбат муовини якуми раиси ноҳияи Рашт Ҳамдулло Шарифзода. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17 миллиону 871,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 319,3 ҳазор сомонӣ ё 1,8 фоиз зиёд аст.
Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2022 «Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026» нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст, ки тибқи он, бо ҷалби соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026 бунёди 21 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар назар аст. Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳия то 1-уми июли соли ҷорӣ ба 30 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10-то зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва рӯзномаи ноҳиявии «Оинаи Рашт» нимаи дуюми соли гузашта таҷҳизоти муосири чопӣ дастрас гардида, фаъолияти КВД «Матбааи ноҳия» беҳбуд ёфт.
Ҳамдулло Шарифзода иброз дошт, ки дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи технопарк дар ноҳия таҳия шуда, он ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ барои дастгирӣ пешниҳод мешавад.
Д. МИРЗО,
«Садои мардум»