Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва таҳдиду хатарҳо ба он

№ 07.09.2018

 Чанде пеш бо чунин унвон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар он мутахассисони варзида ва коршиносони соҳа ширкат варзиданд. Мутахассисони соҳаҳои гуногун суханронӣ намуда, оид ба пешрафти илм,  натиҷа ва татбиқи он дар истеҳсолот, пешгирии ифротгаройӣ ва терроризм, риояи ҳуқуқ, ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди тафаккури давлатдорӣ андешаҳояшонро иброз доштанд.

Муовини якуми раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Латифзода, ки дар мавзӯи: «Нақши занон дар рушди сиёсати давлатӣ дар даврони соҳибихтиёрӣ» маърӯза намуд, аз ҷумла зикр: «Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки бо амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ зина ба зина ҳалли худро ёфт, ин баланд бардоштани мартаба ва эътибори зан дар ҷомеа буд. Ба ин хотир, Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамари созмонҳои ғайриҳукуматии занон фазои мусоид ва тамоми заминаҳои ҳуқуқиро муҳайё намуд. Соли 1995 дар ҷумҳурӣ танҳо се ташкилоти ғайриҳукуматии занон фаъолият мекард, ҳоло шумораи онҳо ба зиёда аз 2000 расидааст. Имрӯз занону духтарони тоҷик дар ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона иштирок менамоянд. Дар ҷумҳурӣ ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар сафҳои худ занони зиёдеро муттаҳид ва дар байни онҳо барномаҳои маърифатиро амалӣ менамоянд, рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.  Ин худ нишоне аз сохти воқеии демократӣ ва волоияти ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад».

Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба рӯзи дониш ва 70- солагии таъсиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (соли 2015) ёдовар шуданд, ки ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои Истиқлолият «тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим банд буд. Ва чунонки мушоҳида мекунед, ман ҳамаи имконияту василаҳоро ба хотири таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ диққати махсус медиҳам ва ин масъаларо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Давлат ва Ҳукумат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дастгирӣ менамоям».

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»