Бо таъсиси дилхоҳ давлат зарурати қабули конститутсияи он ба миён меояд, ки ифодаи барҷастаи муҳимияту моҳияти ин ҳуҷҷати тақдирсоз ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик, ки аз ҷумлаи аввалин меъморони давлату шаҳр дар давраҳои гуногуни таърихӣ эътироф гардидаанд, Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатдорӣ аҳамияти хосаро молик мебошад.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки нахустманбаи пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон, яъне, меъёрҳои конститутсионӣ, ба давлатдории аҷдодии тоҷикон — Ҳахоманишиниён — замони ҳукмронии Куруши Кабир дар асри VI пеш аз мелод рост меояд. Куруши Кабир соли 539 пеш аз мелод санади меъёрии ҳуқуқиеро қабул ва эълон намуд, ки он нахустин маротиба дар таърихи башар ҳуқуқ ба озодии виҷдон, ҳуқуқ ба дахлнопазирии манзил ва дигар ҳуқуқҳои калидиро эътироф ва татбиқ кардааст. Ин таҷриба минбаъд дар дигар мамолики ҷаҳон қобили қабул эътироф шуд.
Бо такя ба ин далели муътамади таърихӣ, бо камоли дилпурӣ метавон гуфт, ки Конститутсияи нави кишвар ҳарчанд дар шароиту вазъияти муташанниҷи таърихӣ рӯи кор омада бошад ҳам, заминаи бузурги ҳуқуқиро дорост.
Ба мо муяссар гардид, давлати нав ва Конститутсияи худро соҳиб шавем. Конститутсияи Тоҷикистон аз шумули беҳтарин қонунномаҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, саҳми хеле бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар кори таҳияю қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз шоистаи зикр ва арзандаи ситоиш аст.
Ин санади тақдирсоз боис гардид, ки кишвар аз вартаи нобудӣ раҳо ва Тоҷикистони соҳибистиқлол аз шумули давлатҳои демократии ҷаҳони эътироф шавад. Дар маҷмӯъ, дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагии зич доранд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самту паҳлуҳои ҳуқуқии фаъолияту зиндагии шаҳрвандон, соҳаҳо, касбу кор ва дигар масоили давлатию инфиродӣ ифода ёфтаанд, ки аз мукаммалии он гувоҳӣ медиҳанд. Дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эълон, мақсад ва мазмуни фаъолияти мақомоти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ муайян шудааст.
Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бо мароми иқтисодиёт, тағйирот дар ҳама самти ҳаёти ҷомеа, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.
Мақоми судии кишвар аз ҷумлаи соҳаҳое ҳаст, ки дар он Конститутсияи кишвар дастури асосии корбарӣ маҳсуб мешавад. Мақсад аз такмилу қабули барномаҳои судӣ — ҳуқуқӣ, тақвияти ҳокимияти судӣ, зиёд намудани ваколатҳои он, андешидани чораҳо ҷиҳати таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ мебошад.
Мо, кормандони мақомоти судӣ, ҳамеша кӯшиш хоҳем кард, ки баҳри барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, кафолати ҳифзи судии ҳар як шахс фаъолиятро ба роҳ монем, то минбаъд низ ба боварии давлату миллат сазовор бошем.
Ба қавли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:
Ҳукм чунон кун, ки зи рӯи насақ,
Рост бувад ҳукми ту бо ҳукми Ҳақ.
Нигора НАЗАРЗОДА,
судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе