Маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабии Барномаи озуқаи намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон чанде пеш дар озмуни ҷаҳонии китоб оид ба санъати таомпазӣ таҳти унвони «Гурман» беҳтарини ҷаҳон эътироф гардид.
Маҷмӯи мазкур инчунин дар номгӯи «Бехатарии хӯрокворӣ» беҳтарин дониста шуда, сазовори ҷоизаи махсуси ҳакамон гардид.
Тибқи иттилои корманди масъули бахши робита бо ҷомеаи Барномаи мазкур Дилбар Рӯзадорова, маҷмӯаи мазкур соли 2016 дар чорчӯбаи «Барномаи ғизои мактабӣ» таҳия ва нашр шудааст. Тавассути он Созмони Милали Муттаҳид ҳамарӯза 370 000 мактаббачагони синфҳои ибтидоиро, ки дар беш аз 2000 мактабҳои минтақаҳои дурдаст таҳсил менамоянд, бо ғизои гарм таъмин менамояд.
Ба озмун 210 китоб аз 200 кишвар пешниҳод шуда буд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар озмун, ки аз соли 1955 инҷониб баргузор мегардад, муаллифони китобҳои таомпазӣ ва таҳиягарони барномаҳои телевизионӣ иштирок карда метавонанд.
Маҷмӯа аз 202 саҳифа иборат буда, 127 дастурро бобати ғизои анъанавии халқи тоҷик дар бар мегирад. Маросими ҷоизасупории озмуни «Ҷоизаи дастурҳои ғизоии Гурман» дар шаҳри Янтаи Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»