Дастури Рустами Эмомалӣ ҷиҳати бунёди мактаби барномасозӣ дар пойтахт

№44 (4940) 09.04.2025

photo_2025-04-07_13-14-437-уми апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар расми ифтитоҳи бинои IT-парки шаҳри Душанбе, ки дар доираи намоишгоҳи «ICT WEEK-2025» баргузор гардид, барои ҳар чӣ зудтар таҳия намудани лоиҳаи мактаби барномасозӣ дар пойтахт ва бунёди он дар муддати кӯтоҳтарин ба масъулини мақомоти шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ намоишгоҳи гӯшаҳои технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотиро тамошо намуда, бо имконияти рақамии ширкатҳои ватанӣ шинос гардиданд.

Ин чорабинӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, қадами устувор барои расидан ба ҳадафҳои Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) мебошад.

IT-парки шаҳри Душанбе соли 2024 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъсис ёфта, бо мақсади дастгирии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва инноватсионӣ, инчунин, ҷалби стартапҳо ва ширкатҳои соҳа ба рушди иқтисоди рақамӣ татбиқ гардидааст.

photo_2025-04-07_13-14-52Дар муддати кӯтоҳ бинои IT-парк бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои мутахассисони соҳаи IT муҳити мусоид ва имконияти фаровон фароҳам аст. Ба ҳолати имрӯза 11 ширкати ватанӣ мақоми аъзои доимии IT-паркро соҳиб гардида, дар ҳудуди он фаъолият доранд. Бо мақсади рушди минбаъда то охири сол боз ҷалби 100 ширкати дигар ба ҳайси аъзои доимӣ пешбинӣ гардидааст.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони муосир иқтисоди рақамӣ ва инноватсия муҳаррики рушди устувори кишварҳо ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон низ ҳамчун аъзои иқтисоди ҷаҳонӣ аҳамияти ин равандро ба ҳисоб гирифта, ба марҳилаи нави рушди рақамӣ ворид мегардад.

Мавриди таъкид аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи иқтисоди рақамӣ, бахусус рушди инноватсия дар мамлакат, мавқеи хоса касб намудааст.

Таъкид карда шуд, ки дар шароити босуръати тағйирёбии ҷаҳони муосир кишваре метавонад дар радифи давлатҳои пешрафта қарор гирад, ки ба рушди илм, технология ва рақамисозии идоракунӣ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир намуда, ҳамрадифи замон қадам монад. Аз ин рӯ, лоиҳаи омӯзиши фанни зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ки то соли 2026 татбиқ мешавад, ба рушди заминаи ­кадрӣ ва ташаккули насли рақамӣ мусоидат менамояд. Татбиқи шабакаи 5G дар ин замина яке аз афзалияти асосӣ ба ҳисоб рафта, ба дастрасии интернет ва рушди хизматрасонии рақамӣ мусоидат менамояд. Чорабинӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар соҳаи рақамикунонӣ ва инноватсия дар мамлакат ба ҳисоб рафта, дар доираи ифтитоҳи IT-парки нав давоми ҳафта, ҳамчунин, баргузор гардидани намоишгоҳҳо, форумҳо, озмунҳо, мастерклассҳо ва музокираҳо марбут ба ояндаи рушди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

 Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»