Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар Турсунзода, Ҳисор ва Шаҳринав

№ 22.05.2023

122Таваҷҷуҳ ба соҳаи варзиш ва ба ин васила таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду пешрафти соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Қобили тазаккур аст, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 – уми марти соли 2007 таҳти №225 «Дар бораи рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар қаламрави мамлакат маъракаи умумимиллии дав барои солимии аҳолӣ ва оммавияти варзиш доир карда мешавад, ки имсол ба санаи 21 –уми май рост омад.

Дар ин замина,  субҳи 21-уми майи соли ҷорӣ соати 700 дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав мусобиқаи дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он сокинон, роҳбарони корхонаю ташкилот ва муассисаҳо ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин рӯз ҷиҳати оммавӣ гардонидани велосипедронӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияи номбаршуда қабл аз оғози дави миллӣ марафони велосипедронӣ доир карда шуд.

Мақсади асосии Ҳукумати кишвар, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни варзиш буда, ҷалби бештари аҳолии кишвар ба тарбияи ҷисмонию варзиш, оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим равона карда шуда, мусобиқаи дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба масофаи 3 км давом карда, ғолибон муайян гардиданд.

Дар маросими ҷамъбастии чорабиниҳои мазкур нафарони ғолиб бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои зикргардида қадрдонӣ карда шуданд.

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»