Давлат шакл гирифтааст, Сайфуллоҳзода чӣ?

№100 (3246) 28.08.2014

То замони ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тамоми сокинони кишвар орзуи ҳар чӣ тезтар поён ёфтани ҷанги шаҳрвандиро мекарданд. Аммо, пас аз расидан ба ин неъмати воқеан ҳам бебаҳо, баъзе гурӯҳҳои худхоҳу манфиатталаб ба таври пардапӯшона ҳам бошад, аз ин сулҳу субот ва оромие, ки бар ивази ҷони садҳо тан мардуми бегуноҳ ба даст омадааст, чандон хушҳол нашуданд ва ё аз он пуштибонӣ карданро қабул надоранд. Аз ин ҷост, ки бо ҳар баҳона ба мардум гӯшрас карданӣ мешаванд, ки сулҳ дар кишвар чандон аҳамияте надорад. Барои бовар кунонидани мардум фикрҳои носолими худро бо ҳар роҳу восита болои эшон таҳмил медиҳанд. Муҳимияти сулҳро дар кишвар тариқи маводҳои навиштаашон ночиз нишон медиҳанд.

Чунин қаламбадастон аз мушкилиҳои кӯчаке, ки дар кишвар вуҷуд дорад, истифода бурда, мавҷудияти демократия ва ҳатто шакл гирифтани давлатро зери суол мебаранд. Талош менамоянд, ки ба мардум талқин намоянд, то аз давлат пуштибонӣ нанамоянд. Зеро ин ҷо, ба қавли онҳо, то ҳол давлат шакл нагирифтааст. Ҳикматуллоҳи Сайфуллоҳзода — сардабири ҳафтаномаи «Наҷот», аз қабили ҳамин гурӯҳ мебошад. Номбурда пайваста дар нигоштаҳои худ тариқи ин ҳафтанома кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз камбудиву норасоӣ ва мушкилиҳои Ҳукумат ҳарф зада, онро мавриди танқиди шадиди худ қарор диҳад.

Ин навбат дар матлаби худ зери унвони «Адами бунёдӣ дар давлатсозӣ» на мушкилоти ягон вазорат ё сохторҳои давлатиро зери «таҳлил»-и худ қарор додааст, балки аз чунин мавзӯъҳо акнун фарох рафта, ба таҳлилу баррасии шакл гирифтан ё нагирифтани давлат оғоз кардааст. Вай иддао дорад, ки: «… баҳси шакл гирифтан ва нагирифтани давлат дар Тоҷикистон баҳси ҳамарӯзаест, ки дар баробари таҳқиру тавҳин ва ноадолатиҳои пайдошаванда аз сӯйи ниҳодҳои мухталифи давлатӣ беш аз пеш печидатар мегардад, ҳатто садоҳои эътирозиро низ шоҳид мегардем. Ба куштан даст задан дар назди қасри Президент ин худ рамзи эътирозист».

Маълум аст, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон новобаста аз сохти давлатдорӣ дар худ мушкилиҳои зиёдеро доранд. Сар карда аз Амрико то кишварҳои африқоӣ. Мамлакате, ки то ҳол орӣ аз мушкилиҳо бошаду тамоми шаҳрвандонаш аз он давлат розӣ бошанд, вуҷуд надорад. Ҳатто дар кишварҳое, ки аз истиқлолияти давлатиашон беш аз даҳсолаҳо сипарӣ гардидааст, мардумони норозӣ вуҷуд доранд. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ нафаре саволи шакл гирифтан ё нагирифтани давлатро ба миён намегузорад. Вале Сайфуллоҳзода бошад, аз рӯйи кинаю адовати доштааш нисбати миллату давлат қасдан ҳамаи онро нодида гирифтааст.

Сардабири «Наҷот» дар идомаи матлабаш қайд кардааст, ки: «Пас вақте аз ноком будани низоми давлатдорӣ ва дигаре аз ҳарфҳои манфиро нисбати роҳбарии элитаи имрӯзаи сиёсӣ мешунавем, набояд бо ҳамлаи бемаънӣ ва бемавқеи худ гӯяндаи ин ҳарфҳоро маҳкум намоем ё ба тарзи дигар алайҳи ӯ кор бигирем, балки хунсардона интиқодро бояд гӯш дод ва тибқи воқеъиятҳо худ ва ҳамтои худро ислоҳ сохт».

Имрӯз ғайр аз намояндагону роҳбарони ҲНИТ дигар ҳеҷ касею гурӯҳе нисбати ноком будани низоми давлатдорӣ сухане накардааст. Ҳатто Муҳиддин Кабирӣ — раиси ҲНИТ борҳо дар мусоҳибаҳояш иқрор шудааст, ки давлати Тоҷикистон, махсусан дар стратегияи хориҷияш мушкилие надорад: «Сиёсати хориҷии бисёрсамтаи эълоншуда дар ин чанд соли ахир, дар умум, муносиб ба манофеи миллист…».

Пас бо кадом далел Сайфуллоҳзода сохти давлатдориро ноком хондааст, ки ғайр аз худаш нафари дигаре онро тасдиқ карда наметавонад?! То имрӯз ягон нафаре барои баёни ақидааш мавриди ҳамла қарор гирифтааст? Баръакс, дар айни замон вобаста ба озодии баёну ақида воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳои минтақа дар сатҳи хеле баланд қарор доранд. Аммо чашмони Сайфуллоҳзода ин воқеиятро дида наметавонад. Аз чунин ақидаронии вай маълум аст, ки нисбати ин миллату давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳисси бадбинӣ дораду ҳеҷ гоҳ хостори сулҳу салоҳ ва ободии кишвар набуду нест. Вагарна ҳеҷ гоҳ чунин суханони эҳсосию дур аз воқеиятро ба қалам намедоду мардумро ба гумроҳӣ бурданӣ намешуд.

Асад АҲЛИДДИНОВ