Давлаталӣ НАЗРИЗОДА: «Корхонаҳои украинӣ шарикони санҷидашудаанд, бо онҳо ҳамкориро идома додан лозим»

№133 (4395) 28.10.2021

OLYMPUS DIGITAL CAMERA26-27 октябри соли равон ба тариқи фосилавӣ ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор шуд. Ба ин муносибат мусоҳибаи хабарнигорамон бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода сурат гирифт.

- Ҷаноби сафир, лутфан мегуфтед, ки пас аз ҷаласа ба чӣ умед метавон баст?

- Комиссияи байниҳукуматӣ воситаест, ки дар вақти лозимӣ ҷаласа ­ороста, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳама самт баррасӣ мекунад. Ин дафъа ҳам масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи ҳамкориро баррасӣ намуда, ба вазорату идораҳои ҳар ду ҷониб тавсияҳои мушаххас дод.

- Айни замон робитаҳои иқтисодии ҳар ду мамлакат дар кадом сатҳ қарор доранд?

- Тоҷикистону Украина, чӣ дар замони шӯравӣ ва чӣ дар даврони соҳиб­истиқлолӣ, ҳамеша муносибати хуби ҳамкорӣ доштанд. Аммо, агар фазои умумиро гирем, робитаҳои иқтисодӣ ҷавобгӯи муносибатҳои хуби ҳар ду ҷониб нестанд. Агар соли 2010 ҳаҷми гардиши мол миёни ҳар ду кишвар 200 миллион доллари америкоиро ташкил дода бошад, соли 2020 он ба 27 миллион доллари америкоӣ баробар  гардид. Албатта, ин бесабаб нест. Фаразан, яке аз мушкилиҳои асосӣ ба ҳамлу нақли бор вобастагӣ дорад.

Барои ҷиддан тағйир додани ин тамоюл кори зиёд амалӣ гардида истодааст ва кӯшиш дорем, ки дар баробари афзоиш додани гардиши мол, корхонаҳои муштараки тоҷикистонию украинӣ сохта шаванд, соҳибкорони украинӣ дар амалӣ сохтани лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикис­тон иштирок намоянд. Бо ин мақсад гуфтушунидҳо дар Киев ва Душанбе мунтазам сурат мегиранд ва боварӣ ҳаст, ки вазъият мусбат тағйир хоҳад кард. Ногуфта намонад, ки дар ин самт Сафорати Украина дар Тоҷикистон низ фаъолона кор мебарад.

- Тоҷикистон ба Украина чӣ содирот карда ва аз он ҷо кадом маҳсулотро ворид менамояд?

- Номгӯи маҳсулоте, ки миёни ҳар ду кишвар қаблан гардиш доштанд, тайи солҳои охир тағйир ёфт. Ҳоло аз дӯстони украинӣ шакар, шир, гӯшт, нефт, коғазу картон, резин, пластмасса, шиша, маҳсулоти керамикӣ, оҳанию чӯбӣ, мошинҳои кишоварзию электрикӣ ва доруворӣ харидорӣ карда, ба онҳо маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили пиёз, карам, мева, инчунин маҳсулоти пахтагию хушкмева фурӯхта мешавад.

- Украина кишварест, ки баъзе аз корхонаҳояш барои неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон таҷҳизот истеҳсол мекарданд. Ҳоло дар ин самт вазъият чӣ гуна аст?

POL_7335- Бо ин фикри Шумо мувофиқам. Дар мамлакат аксар неругоҳҳои барқи обӣ бо таҷҳизоти украинӣ кор мекунанд. Ҳатто ду чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳам истеҳсоли ҳамин кишваранд. «Турбоатом», «Электротяжмаш», «Запарожтрансформатор» аз қабили он корхонаҳои бузурганд, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доштанд ва минбаъд ҳам кор кардан мехоҳанд. Ба андешаи ман, ҳамкорӣ дар ин самт барои ҳар ду ҷониб ҳам бисёр муҳим аст. Моҳи май дар Душанбе зимни вохӯриҳое, ки ҳамроҳи ҳайати украинӣ бо вазири энергетика ва захираҳои об ва муовинони вазири иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ доштем, зарурати ҳамкориро бо корхонаҳои украинӣ ­зикр кардем. Яъне, корхонаҳои украинӣ он шарикони санҷидашуда ҳастанд, ки солҳои зиёд инро исбот кардаанд ва бо онҳо ҳамкориро идома додан лозим. Вақте неругоҳро месозему ба кор меандозем, кор бо ин тамом намешавад. Таҷҳизоти он муҳлати хизмат ва вайрон шудану аз кор баромадан дорад ва боз ин ҳамаро аз истеҳсолкунанда гирифтан лозим меояд ва ё ба хизмати мутахассисон зарурат ба миён меояд. Яъне, ҳангоми ба истифода додани неругоҳ ҳамкории дурудароз оғоз меёбад ва барои ин шарикони хуб бояд дошт. Албатта, дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар мутахассисони варзида зиёданд, таҷрибаву технологияи кишварҳои дигарро низ медонанд, вале ба андешаи ман, дар ин самт ҳамкориро бо дӯстони украинӣ тақвият бахшидан лозим аст.

- Украина дар ҷаҳон яке аз кишварҳои бузурги истеҳсолкунандаи равғани офтобпараст ба шумор меравад. Азбаски тайи чанд моҳи охир дар мамлакат талабот ба ин маҳсулот бештар шуду нархаш боло рафт, оё имкон нест, ки воридоти он бештар ба роҳ монда шавад?

- Ин саволи бамаврид аст. Дар ҳақиқат, Украина содироткунандаи равғани офтобпараст аст ва ин намуд маҳсулоти он нисбат ба равғани истеҳсоли Федератсияи Россия каме арзон ҳам мебошад. Аммо аз Украина хароҷоти роҳ андак зиёд мешавад ва дар натиҷа, ҳангоми ба бозори ҷумҳурӣ ворид кардан нархи равғани русӣ ва украинӣ, қариб ки баробар мешаванд. Вале аз Украина ба Тоҷикистон равған ниҳоят кам ворид мешавад ва сабабаш тасаввуроти нодуруст оид ба вазъияти Украина аст. Соҳибкорон гумон мекунанд, ки он ҷо нооромист ва ба ҳамкорӣ таваҷҷуҳ намекунанд. Ба андешаи ман, Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Украина, ки қарор аст ба наздикӣ баргузор гардад, ба ин масъала такони ҷиддӣ бахшида метавонад.

- Дар робита ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе — Киев чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?

- Ин масъала низ бисёр муҳим аст ва дар аксар мулоқотҳои дуҷониба яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба ҳисоб мерафт. Онро бо директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар Душанбе, инчунин вазири инфрасохтори Украина Владислав Криклий дар Киев баррасӣ намудем. Ин сохторҳо барои кушодани хатсайр розианд ва иҷрои он ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ вобаста аст. Азбаски ширкатҳо бояд зарари молӣ набинанд, зарур аст, ки барои парвози ҳавопаймо мусофирон кофӣ бошанд. Роҳҳои гуногун дар иртибот бо пайваст кардани кишвари сеюм низ ба ин хатсайр баррасӣ шудаанд.

- Радаи Олӣ (парламент)-и Украина қарор қабул кард, ки то соли 2030-юм кишвар пурра ба нақлиёти барқӣ рӯ меорад. Ҳамчунин, дар ин кишвар истеҳсоли электромобил ба роҳ монда мешавад. Оё имкон нест, ки ҳамчун кишвари воридкунандаи сӯзишворӣ таҷрибаи Украинаро омӯзем? Зеро истеҳсоли барқ дар мамлакат арзонтар ва аз ҷиҳати экологӣ тозатар аст.

- Роҷеъ ба истеҳсоли электромобил Украина нақшаи зиёд дорад ва теъдоди истеҳсоли онро босуръат меафзояд. Зеро ҳоло рӯ овардан ба электромобилҳо тамоюли ҷаҳонӣ пайдо кардааст ва бузургтарин корхонаҳои автомобилсозии ҷаҳон, аз қабили «Мерседес», «Ауди» ва ғайра низ ин нақшаро доранд. Азбаски, дарвоқеъ, камбуди нефт дорем ва аз ҷиҳати дигар имкониятҳои истеҳсоли барқ дар мамлакат рӯ ба афзоиш аст, фикр мекунам, масъулини вазоратҳои марбута ҳам дар ин андеша ҳастанд ва метавонанд таҷрибаи Украинаро мавриди омӯзиш қарор диҳанд.

- Барои тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ чӣ гуна нақшаҳо ҳастанд?

- Украина бо иқлими мусоиду заминҳои ҳосилхез, ки дорад, яке аз кишварҳои пешқадами истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзист. Саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, техникаи коркарди замин низ хуб тараққӣ кардааст. Барои ривоҷ додани ҳамкорӣ дар ин самт имконият зиёд аст. Яке аз онҳо, агар овардани маҳсулоти тайёр бошад, самти дигар метавонад ба роҳ мондани маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат бо истифода аз таҷриба, технология ва сармояи украинӣ бошад. Тавре дар боло қайд гардид, ташкил кардани корхонаҳои муштарак ҳам муҳим ба назар мерасад. Бо мусоидати Сафорати Тоҷикистон дар Украина ҳар ду ҷониб мақсади сохтани корхонаҳои истеҳсоли шакар, хушконидани меваву сабзавотро доранд. Инчунин, метавон дар Тоҷикистон корхонаи васли техникаи кишоварзии украиниро ба роҳ монд. Дар шароити кӯҳистони кишвар техникаи сабуку хурд истифодаи васеъ дошта метавонад.

- Ҳамкорӣ миёни макотиби олии Тоҷикистону Украинаро оё метавон мувофиқи талабот арзёбӣ кард?

- Солҳои пеш дар мактабҳои олии Украина шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷикистонӣ таҳсил мекарданд. Ҳоло теъдоди онҳо тахминан ба 130 нафар мерасад. Мувофиқи Созишномаи байни вазоратҳои маориф ва илми ҳар ду кишвар, барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳисоби Украина ҳар сол 20 бурсия ҷудо карда мешавад. Ғайр аз ин, шаҳрвандони кишвар имкон доранд, ки ихтиёран ба мактаб­ҳои олии Украина дохил шаванд.

Бояд гуфт, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф низ яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад. Ҳоло хатмкардагони мактабҳои олии Украина дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кор мекунанд. Миёни онҳо кадрҳои роҳбарикунандаи сатҳи гуногун ҳам ҳастанд. Ин масъала тарафи дигар низ дорад. Шаҳрвандоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил карда, солҳои беҳтарини умрро он ҷо мегузаронанд, солҳо бо таассуроти бардошта мемонанд. Аз ин хотир, дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Украина низ дастпарварони мактабҳои олии ин кишвар саҳми бузург доранд.

Дар мулоқоте, ки камина бо вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлет моҳи январ доштам, масъалаҳои вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ва рушди ҳамкориҳо баррасӣ шуданд ва сабабҳои кам шудани донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии ин кишвар зикр гардиданд. Яке аз онҳо ҳамон тасаввуроти нодуруст дар бораи вазъи «номусоид»-и Украина бошад, сабаби дигар ба забонҳои украинӣ ва англисӣ гузаронидани таҳсил аст. Охири моҳи март ҳайате иборат аз 80 нафар аз роҳбарони мактабҳои олии Украина бо роҳбарии вазир Сергей Шкарлет бо даъват ба Тоҷикистон сафар кард, ки бисёр дидору мулоқотҳои он самаранок ҷараён дошт. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе Форуми таҳсилоти «Таҳсил дар Украина» доир гардида, вохӯриҳои Сергей Шкарлет бо муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин, вазири маориф ва илми кишвар Маҳмадюсуф Имомзода, президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ сурат гирифт ва байни мактабҳои олии ҳар ду кишвар 130 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм ба Радаи Олии Украина лоиҳаи қонунеро барои баррасӣ пешниҳод кард, ки мувофиқи он, ба донишҷӯёни хориҷӣ имкони интихоби забони таҳсил васеъ мешавад.

untitled- Ҳамкориҳои соҳаи тандурустӣ дар кадом поя аст?

- Дар ин соҳа, ки аз самтҳои афзалиятнок боқӣ мемонад, ду шохаи асосӣ дорем. Якум, тайёр кардани мутахассисон ва дуюм, ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозист, ки аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ роҳандозӣ шудаанд. Фиристодагони кишвар дар беҳтарин мактабҳои олии тиббии Украина, аз ҷумла, дар шаҳрҳои Киев, Днепр, Харков, Лвов таҳсил намуда, дар ватан ва дигар кишварҳо фаъолият доранд. Баробари ин, дар дигар бахшҳо низ имкони ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳаст. Камина чанде пеш бо директори Пажӯҳишгоҳи қалби Вазорати тандурустии Украина Борис Тодуров вохӯрӣ доштам. Маслиҳат шуд, ки ба Тоҷикис­тон рафта, бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар доир ба ҳамкорӣ ва кумак ба мутахассисон маслиҳат мекунад.

-  Робитаи диаспора ва ё ҷамъиятҳои тоҷикон, ки дар Украина фаъолият мекунанд, чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Дар Украина теъдоди муайяни зодагони Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Қисме аз онҳо украиниҳо ва намояндагони дигар миллатҳо ҳастанд, ки солҳои гуногун, хусусан, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба Украина омадаанд. Қисми дигар тоҷиконанд, ки ба ин ҷо омада, аксарият шаҳрвандии ин кишварро соҳиб шудаанд ва дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Теъдоди муайяни шаҳрвандони кишвар низ ҳастанд, ки ин ҷо зисти муваққатӣ ё доимӣ доранд. Дар баъзе аз шаҳрҳое, ки тоҷикон бештаранд, ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият доранд ва бо Сафорати Тоҷикистон дар Украина ҳамкорӣ мекунанд. Миёнашон ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Киев (раисаш Қурбон Ғуломов), Одесса (Ҳумрон Пушкашов) ва Харков (Нурулло Сайдалиев) нисбатан фаъолтаранд. Шаҳрвандони алоҳида низ ҳастанд, ки бидуни шомил будан ба ҷамъиятҳо робита доранд, барои баргузор намудани ҷамъомадҳо ташаббус нишон медиҳанд.

- Робитаҳои байнипарлумониро миёни кишварҳо чӣ гуна метавон баҳогузорӣ кард? Оё гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагон ва Радаи Олӣ фаъолияти чашмрас доранд?

- Моҳи сентябри соли гузашта Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Радаи Олии Украина таъсис ёфт, ки роҳбарии онро Шарифҷон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ба уҳда дорад. Моҳи январи соли ҷорӣ Гурӯҳи вакилони Радаи Олии Украина оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва роҳбараш вакил аз ҳизби сиёсии «Слуга народу» Денис Маслов мебошад.

Дар давоми сол камина се маротиба бо Денис Маслов ва бо раиси Кумита оид ба сиёсати хориҷӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Радаи Олӣ Александр Мережко вохӯрӣ доштам, ки зимни онҳо ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуданд. Дар мулоқот бо Денис Маслов, ки моҳи сентябр баргузор шуд, маслиҳат кардем, то вохӯрии ҳар ду гурӯҳ дар шакли маҷозӣ доир карда шавад. Ва 30 сентябр миёни гурӯҳҳо таҳти роҳбарии Шарифҷон Ҳакимзода ва Денис Маслов, инчунин бо ҳузури сафирони Тоҷикистон ва Украина суҳбати фарогири масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ ҷараён гирифт. Ҷониби Украина бо даъват тасмим гирифт, ки дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар намояд.

- Моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Украина машваратҳои сиёсӣ баргузор гардиданд. Онҳо дар раванди ҳамкориҳо чӣ аҳамият дошта метавонанд?

- Баргузор намудани машваратҳои сиёсӣ барои баррасии ҳолату дурнамои муносибатҳо ва тасмимгириҳои минбаъда бисёр воситаи муҳим аст. Соли 2020 машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикис­тону Украина дар сатҳи роҳбарони департаментҳои масъули ҳамкориҳои дуҷониба дар Киев баргузор шуданд. Имсол Вазорати корҳои хориҷии мамлакат мизбон буд ва дар пойтахти мамлакат машваратҳои сиёсӣ дар сатҳи муовинони вазир доир гардиданд. Зимни онҳо доираи васеи мавзӯъҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд ва дар маҷмӯъ, барои ҳар ду ҷониб ҳам муфид буданд. Ғайр аз ин, ҳайати украинӣ бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Е. Енин бо вазири корҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, муовинони вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ва раиси вилояти Суғд вохӯрӣ анҷом дод. Пас аз чанд рӯзи гуфтушунид­ҳо 1 июн вохӯрии маҷозии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Украина Дмитро Кулеба баргузор шуда, аснои он масъалаҳои муҳими марбут ба муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, «Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина барои солҳои 2021-2022» ба имзо расид.

- Баҳри таҳкими робитаҳои дуҷониба боз чӣ нақшаҳо доред?

- Кори намояндагиҳои дипломатӣ аз тасмимгирии ҳар ду ҷониб бармеоянд. Байни ҳар ду кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ қариб 90 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ имзо шудааст, ки аксари онҳо амал мекунанд. Инчунин, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ сари вақт ба мо мерасанд. Бар замми ин, дигаргуниҳое, ки дар кишварҳо рух медиҳанд ва ба ҳамкориҳои дуҷониба таъсир дошта метавонанд, моро бетараф гузошта наметавонанд. Бо дарназардошти ин ҳама, нақшаҳои гуногун тарҳрезӣ ва амалӣ менамоем. Тавре зикр гардид, баргузор намудани ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодист, ки дар он мавзӯъҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо аз ҷониби шахсони салоҳиятдор баррасӣ шуданд. Ҳамчунин, Форуми соҳибкорони ҳар ду кишвар баргузор хоҳад гардид, ки барои баррасии масъа­лаҳои ҳамкорӣ байни корхонаҳои ҳар ду ҷониб муфид хоҳад буд. Ин ва дигар чорабиниҳо барои фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Украина низ самтҳои нави кориро мушаххас менамоянд.

Суҳбаторо

Самариддин АСОЗОДА,

«Садои мардум»