Бо қабул гардидани Конститутсияи нав санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде таҳия ва такмил дода шуданд, ки барои рушди иқтисодии кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва мутобиқсозии низоми ҳуқуқии дохилӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо дарназардошти принсипҳои волоияти қонун, адолатпарварӣ ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон равона карда шудаанд.
Ба нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо, масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахс, таҷзияи ҳокимият ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дохил карда мешаванд.
Дар тӯли инкишофи ҷамъият инсоният тадриҷан нақши ҳуқуқ ва бартарияти онро дар ҳаёти худ дарк намуда, кӯшиш кардааст асос ва доираи фаъолияти давлатро низ ҳуқуқ муайян созад, то ки давлати ҳуқуқбунёд бунёд гардад. Чунин давлат фаъолияти худро бояд дар асоси қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монад. Бартарияти ҳуқуқ ҳамзамон маънои онро дорад, ки ҳалли масъалаҳои ҷамъиятиву давлатӣ аз ҷиҳати ҳуқуқ танзим шуда, арзишҳои маънавӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи умумиинсонӣ ва расман танзимшаванда дар пайвастагӣ бо тақсимоти ташкиливу ҳудудии ҷамъият ва қонунӣ будани ҳокимияти оммавӣ истифода ва амалӣ карда шаванд, зеро танҳо иҷрои бечунучарои талаботи қонун метавонад, волоияти онро таъмин намояд. Бинобар ин, шаҳрвандон, ташкилоту муассиса, ҳизбу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти идоракунии давлатӣ, судӣ, прокуратура ва ғайра бояд танҳо ба қонун итоат намоянд. Фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, судӣ ва ғайра бояд дар доира ва андозае, ки қонун иҷозат додааст, амалӣ карда шавад. Волоияти қонун ҳамчунин маънои онро дорад, ки ҳама дар назди қонун баробаранд. Қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ифодакунандаи мақсаду мароми аъзои ҷамъият мебошад.
Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо нишонаи дуюми давлати ҳуқуқбунёд аст, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
Таъмини ҳимояи ҳуқуқи шахсият вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар баробари ин, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ҳар чӣ бештар барои мувофиқ омадани манфиати давлат ва шахс мусоидат менамояд, зеро шаҳрвандон дар ташкил намудани ҳокимияти давлатӣ иштирок доранд.
Дар давлати ҳуқуқбунёд давлат ва шаҳрванд дар назди якдигар масъулият (ҷавобгарӣ) доранд. Тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эътироф мекунад, балки уҳдадор аст, онро риоя ва ҳифз намояд. Ҳамзамон давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, ки талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои кишварро риоя кунанд ва ба ҷо оранд. Мақомоти давлатӣ, суд, прокуратура ва дигар мақомот низ дар баробари ҳамаи шаҳрвандон ба қонун итоат менамоянд ва барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди қонун ҷавобгаранд. Ҳамзамон шаҳрвандон низ барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди қонун, давлат ва ҷомеа ҷавобгаранд. Шаҳрвандон бояд ва ҳатман уҳдадориҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо муқаррар намудаанд, риоя ва иҷро намоянд. Риояи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо, озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, пардохти андозҳо ва ғайраҳо аз ҷумлаи он уҳдадориҳои шаҳрвандонанд, ки барои риоя накардани он шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷзияи ҳокимияти ягонаи давлатӣ ба се шохаи мустақил- қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шуда, яке аз принсипҳои асосии ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Чунин тақсимбандии ҳокимияти давлатӣ асоси конститутсионии худро дар бисёр кишварҳои дунё ёфтааст. Дар моддаи 9-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Мақсади ин принсип ноил шудан ба мустақилияти пурраи шохаҳои ҳокимият, роҳ надодан ба ҳама гуна суиистеъмоли ҳокимияти давлатӣ аз тарафи мақомоти он мебошад.
Ин чунин маъно дорад, ки худи ҳокимияти давлатӣ ягона ва тақсимнашаванда буда, танҳо шохаҳои он бояд аз ҳамдигар фарқ намоянд, ки дар ҷудо будани салоҳияти ҳар як шохаи ҳокимият ифода меёбанд. Фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи қонун ба роҳ монда мешавад. Ҳар як шохаи ҳокимият вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки ба доираи салоҳияти он дохил мешавад. Ҳокимияти қонунгузор аз тарафи халқ интихоб шуда, истиқлолияти давлатро ифода менамояд. Ҳокимияти иҷроия бо амалӣ намудани қонунҳо ва фаъолияти хоҷагию идоракунӣ машғул мешавад. Ҳокимияти судӣ ба сифати кафили барқароркунандаи ҳуқуқҳои вайронкардашуда баромад намуда, барои ҳама гуна суистеъмолкунӣ ҷазо медиҳад. Дар давлати ҳуқуқбунёд фақат суд метавонад ҳама гуна баҳсҳои байни шаҳрвандон ва ҳокимиятро баррасӣ намояд. Суд танҳо ба қонун такя намуда, фаъолияти худро мустақилона ба амал мебарорад.
Давлати ҳуқуқбунёд ва ҷамъияти шаҳрвандӣ бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Давлати ҳуқуқбунёдро он ҷое барпо намудан мумкин аст, ки ҷамъияти шаҳрвандии инкишофёфта ва пурқувват мавҷуд бошад. Ҷамъияти шаҳрвандӣ чунин ҷамъиятест, ки дар он қонун ҳукмрон буда, устувории озодии шахс, ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимати он, инчунин ҷавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд.
Нишонаҳои асосии ҷамъияти шаҳрвандӣ ин ҷамъияти дорои муносибатҳои иқтисодии инкишофёфта будани он мебошад. Дар чунин ҷамъият шахс аз моликият ҷудо набуда, баръакс, имконият дорад, ки ҳама гуна шакли моликиятро интихоб намояд. Қобилияти худро ба меҳнат ва натиҷаи он ихтиёрдорӣ кунад. Нишонаи дигари ҷамъияти шаҳрвандӣ эътирофи ҳуқуқу озодиҳои табиии инсон ва ҳифзи самараноки он мебошад.
Нишонаи сеюми ҷамъияти шаҳрвандӣ мавҷуд набудани монополизми идеологӣ дар ҷамъият аст. Дар чунин ҷамъият фикр, нуқтаи назар, ақида, мулоҳиза ва мафкураи гуногун равост.
Ҳамин тавр, ҷамъияти шаҳрвандӣ ин ҷамъияти ҳуқуқӣ, демократӣ, инсондӯст ва сулҳдӯстона буда, дар он зӯроварӣ нисбати шахсият дида намешавад, баръакс, адолат, баробарӣ ва озодии пурра ҳукмрон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро мақсади ояндаи инкишофи худ қарор додааст, ки дар раванди ташаккули чунин давлат ва ҷомеа ҳуқуқ нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандӣ, нишонаи маданият ва неруи ақлонии аҳли ҷомеа дониста мешавад.
Садбарг КАРИМОВА, мутахассиси пешбари Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон