Чанде пеш дар шаҳри Қӯрғонтеппа Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар оғоз ҳисоботи раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ шунида шуд. Ӯ ёдовар гардид, ки соли 2017 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида, солро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуданд.
Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 104,2 фоиз таъмин гардид ва ба буҷет 862,7 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 122,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар иҷрои нақша саҳми шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Данғара, Норак, Бохтар, Темурмалик, Муъминобод ва шуъбаи андозсупорандагони калон дар вилоят назаррас аст.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 11,8 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоизро ташкил дод. Деҳқонон 895 ҳазор тонна ғалладона, 259 ҳазор тонна пахта, 1014 ҳазор тонна сабзавот, 476 ҳазор тонна полезӣ, 171 ҳазор тонна мева, 99 ҳазор тонна ангур, 110 ҳазор тонна гӯшт, 393 ҳазор тонна шир, 62,2 миллион дона тухм, 931 тонна асал ва 1077 тонна моҳӣ истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли гузашта аз 1 то 8,7 фоиз зиёд мебошад. Ба хориҷи кишвар 83,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид.
Корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 5,9 миллиард сомонӣ расониданд. Дар ин давра 63 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ бунёд ва дар онҳо 1256 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба масъулони бахшҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист, саноат, энергетика, меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон, нақлиёт ва коммуникатсия, илм ва маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи оила ва ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади татбиқи амалии қонуну қарорҳои дахлдор ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, вобаста ба «Тасдиқи буҷети вилоят барои соли 2018», «Тасдиқи нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2018» қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар фарҷом Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат соли 2018-ро низ бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст хоҳанд кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»