Зимистони соли 1943 давраи мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ буду ҳаво ниҳоят сард. Амон ва рафиқонаш дар хандақ интизори фармони командир буданд. Касе сар боло намекард, зеро ҳар лаҳза тири душман метавонист онҳоро нобуд созад. Баъди чанд муддат тирпарронии душман қатъ гардид ва ҳама ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт.
Ва онро садои радиои қисми ҳарбӣ, ки дар симчӯбе овезон буд, халалдор намуд. Аз радио овози шаффофу таъсирбахши Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин баланд шуд:
- «Рафиқон, бародарон, писарони ба ҷон баробарам! Шуморо Ватан, модари азиз, бародарону хоҳарон, ҳамдеҳагон, хулоса ҳама бо умед интизоранд ва ҳар лаҳза дуои нек мекунанд. Шумо муҳофизати Ватанро бар дӯш доред ва ягона боварии онҳоед! Душман бо қувваи зиёд дар муқобилатон истодааст…».
Аскарон суханони Сталинро гӯш карданд ва бори дигар дар дил қавл доданд: «Мо баҳри Ватан ҷон медиҳем, лек ба қафо намегардем».
Амон Нозимов чашмаҳои шаффофу манзараҳои зебо ва суҳбатҳои ширини дӯстону рафиқони деҳаи худ — «Гулхан»-и шаҳри Ҳисорро ба ёд оварда, ғарқи хаёл шуд.
«Ба пеш, баҳри ҳимояи Ватани азизамон»- гуфтани командири қисм Иван Булугин ҳамаро ба худ овард. Ҳамла оғоз ёфт. Муҳориба бо душман тӯл кашид.
- Ман вақте ба худ омадам, ки дар шифохонаи ҳарбӣ мехобидам. Фаҳмидам, ки қисми мо душманро ақиб ронда, мутаассифона, талафоти зиёде додааст. Аз 300 нафар аскари қисми ҳарбии пиёдагард ман ва рафиқи ҳамяроқам — Маҳмадкарим Шоқулов, аз деҳаи ҳозираи Сафедчашмаи ноҳияи Рӯдакӣ, зинда мондаем. Маро баъди як рӯз аз байни ҳалокшудагон ёфта, ба шифохона оварда, аз баданам се тир гирифтаанд. Пас аз сиҳат ёфтан мо дар муҳорибаҳо барои озод кардани шаҳри Харкови Украина иштирок намудем. Борҳо тир хӯрда, ба шифохона афтодему шифо ёфта, боз ба ҷанг рафтем. Баъди ғалаба ҳар ду рафиқ бо сари баланд ба деҳа баргаштем, — нақл кард Амон Нозимов.
Дӯстони ҷонӣ Амон Нозимов ва Маҳмадкарим Шоқулов баъди гузашти солҳо лаҳзаҳои ҷангии худро ба ёд оварда, аз тинҷию ободии Ватани соҳибистиқлоламон хурсандию шукрона мекарданд. Дасти дуо бардошта, аз Худованд тинҷиву амонии Ватану ҳамватанони худро талаб менамуданд.
Мутаассифона, имрӯз ҳар ду дар қайди ҳаёт нестанд. Аз ҷароҳатҳои сахти дар ҷанг бардошта, аз пораҳои оҳани дар баданашон дармонда Амон Нозимов дар синни 71 (соли 1982) ва Маҳмадкарим Шоқулов дар синни 80 (соли 1991) аз олам чашм пӯшиданд.
Дар Рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ мо – фарзандон ёди падарони худ карда, ваъда медиҳем, ки ҳамеша баҳри шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон хизмат менамоем ва давомдиҳандаи корномаҳои бобоёну падарон хоҳем буд.
Нормаҳмад НОЗИМОВ,
ҷонишини директор оид ба таълими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26, ноҳияи Рӯдакӣ