Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон замина фароҳам овардааст, ки дар кишвар корҳои созандагӣ равнақи тоза гиранд.
Ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ давоми чанд соли охир ободу зебо гашта истодааст. Ин дигаргуниро дар марказ ва деҳаҳои он дидан мумкин аст.
Дар ин муддат панҷ корхонаи пахтатозакунӣ, ҳафт хоҷагии моҳипарварӣ, корхонаҳои қаннодӣ, қолинбофӣ ва сехҳои дӯзандагӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар коргоҳи қолинбофӣ занону духтарон бо усули эронӣ истеҳсоли ин намуди маҳсулотро, ки талабот ба он бештар аст, ба роҳ мондаанд.
Бо кумаки соҳибкорони маҳаллӣ сохтану ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолӣ, нуқтаҳои хизматрасонӣ идома дорад. Ба ин васила истеҳсоли маҳсулот зиёд гашта, ҷойҳои нави корӣ ташкил мешаванд.
Дар ин давра ба фаъолияти муассисаҳои таълимию тандурустӣ ва фарҳангӣ аҳамияти калон зоҳир шудааст. Бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои таълимии ҳозиразамон бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд. Барномаи компютеркунонии мактабҳо ба иҷро расонида шуд.
Марказҳои нави табобатӣ, муассисаҳои фарҳангӣ дар хизмати мардум қарор доранд.
Мардум бо рӯҳияи баланд кору зиндагӣ доранд ва шукронаи сулҳу ваҳдатро мекунанд.
Сафармуҳаммад ЗАРИФӢ, собиқадори меҳнат