Бонги изтироб

Деҳаҳои бемактабу сарсонии толибилмон

№ 24.08.2022

Чаро ин вазъ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдатро ба ташвиш намеорад?

DSC00032Солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Давлату Ҳукумат бо мақсади боз ҳам беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия тадбирҳои судманд андешида шуданд. Мактабҳои замонавӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардиданд.

Бо вуҷуди ин, мушкилоти мактабу маориф ҳанӯз дар баъзе шаҳру навоҳии мамлакат вуҷуд дорад. Чунончи, то ҳол дар баъзе деҳоти шаҳру ноҳияҳо хонандагон барои донишомӯзӣ роҳи дарозро тай карда, ба деҳаҳои ҳамсоя мераванд. Зеро дар деҳаи худашон мактаб нест. Чунин вазъ дар баъзе деҳаҳои шаҳри Ваҳдат дида мешавад.

Хабарнигори рӯзнома мушкилоти бемактабиро дар якчанд деҳаҳои ҳудуди деҳоти ба номи Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат мушоҳида намуд.

Деҳаҳои Ҷавонон ва Бахтёрони деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов дар қисмати шарқии шаҳр, дар масофаи 15-18 километр воқеъ буда, бо сабаби то ҳол дар ин деҳаҳо набудани мактаб падару модарон маҷбуранд фарзандонро барои таълиму тарбия гирифтан ба мактабҳои деҳаҳои ҳамсоя равон кунанд.

Барои омӯхтани вазъ чанд маротиба ба ин деҳаҳо раф­тем. Бори аввал моҳи ноябри соли 2019 ва бори дуюм моҳи ноябри соли 2020. Дар ҳар ду сафар моро намояндаи Раёсати маорифи шаҳр, Ҷамоати деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов ва раисони маҳаллаҳои деҳаҳои Ҷавонон ва Бахтёрон ҳамроҳӣ карданд.

Дар арафаи баанҷомрасии соли хониши 2021-2022 бори дигар ба он ҷо рафтем. Ин нав­бат моро намояндагони Раёсати маорифи шаҳр, аз ҷумла муовини сардор Азиза Эшонова (тавре худи ӯ гуфт, дар давоми фаъолият бори аввал ба ин минтақа омадааст) ва ҳуқуқшиноси раёсат Вайсиддин Сангимуродов, раисони маҳаллаҳои деҳаҳои Ҷавонон ва Бахтёрони Ҷамоати деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов ҳамроҳӣ карданд.

Нахуст ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69, воқеъ дар деҳаи Холмуродӣ, омадем. Директори муассиса зимни суҳбат гуфт, ки сохтмони мактаб соли 1972 оғоз гардида, соли 1978 ба истифода дода шуд. Муассиса аз 11 синфхона ва ду кабинет иборат буда, барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Мактаб аз ду деҳаи дар боло зикр­шуда дар масофаи тақрибан ду километр ҷойгир буда, он ҷо аз деҳаи Ҷавонон 86 нафар хонанда, аз ҷумла 45 духтар ва 41 писар таҳсил карда, ҳар рӯз аз болои пули садамавии дарёи Элок бо тарсу ҳарос мегузаранд.

Сокинони деҳаҳои номбурда барои сохтмони кӯпруки нав ва роҳи он борҳо ба мақомоти дахлдори шаҳри Ваҳдат муроҷиат карданд. Соли 2020 ба сохтмони пул оғоз бахшида бошанд ҳам, вале он то ҳол ба анҷом нарасидааст.

 Сипас, ба филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26, воқеъ дар деҳаи Ҷавонон, ки №116-ро дорад ва дар он ҷо аз синфи 1 то синфи 4 хонандагон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, раҳсипор шудем. Ба назди мактаб расидему дар ҳайрат мондем: Бинои мактаб вайронаеро мемонад. Он соли 1988 тавассути ҳашари дастаҷамъонаи сокинони деҳаи Ҷавонон сохта шуда, аз чор ҳуҷра, ду синфхона, ҳуҷрача барои ҳуҷҷатҳои мактаб ва як ҳуҷраи дигар, ки ҳамчун бунгоҳи тиббӣ истифода мебаранд, иборат аст. Дар он то панҷоҳ нафар хонанда дар ду баст таълим гирифта, на мудири мактаб утоқи корӣ дораду на дар он хонаи муаллимон мавҷуд аст. Фарши дохили синфхонаҳо аз бетон буда, ба талабот ҷавобгӯ нест. Фасли сармо дар синфхонаҳо оташдон бошад ҳам, вале кӯдакон дар дарс аз хунукӣ бо либоси ғафси зимистона менишинанд. Бинои мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, иншооти ёрирасон надорад.

Мудири мактаби ибтидоии №116 Сафарбек Саидов зимни суҳбат чунин гуфт: «Кӯдакон дар чунин шароити вазнин таълиму тарбия мегиранду ду омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд. Ҳар сол мактабро бо қувваи волидон ва омӯзгорон таъмир менамоем. Тобистони солҳои 2019 ва 2020 низ ҳол чунин буд, деворҳои бино, ки кафидаанд, барои таъмир маблағ надош­тем. Маҷбур шудем байни деворҳоро бо лой пур кунем. Соли 2021 низ вазъ ҳамон тавр боқӣ монд. То оғози соли нави хониш тавонистем зангӯлаи барқӣ насб намоем, ки ин барои хонандагон навигарии ҷиддӣ ба ҳисоб меравад».

Дар ҳуҷраи чоруми мактаб бошад, бунгоҳи саломатии деҳаро ҷой карданд.

Ҳар дафъа, ки ба деҳаҳои зикршуда меомадем, дари бунгоҳи тиббӣ ҳамеша баста буда, сабаби онро касе гуфта наметавонист.

Ахиран мудири бунгоҳи тиббӣ Вайсиддин Кабировро пайдо кардем. Ӯ гуфт, ки барои бунёди бинои алоҳидаи бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ҷавонон се маротиба ба раиси шаҳри Ваҳдат бо ариза муроҷиат карданд. Мутаассифона, мушкилот то ҳол ҳал нагардидааст, зеро қитъаи замине, ки ҷудо карданд, ба талаботи ҷойгиршавии муассисаи тиббӣ ҷавобгӯ нест.

DSC00047Магар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти шуъбаи маориф, Беморхонаи марказӣ ва Кумаки аввалияи тиббию санитарии (КАТС) шаҳри Ваҳдат намедонанд, ки дар як бино ҷойгир кардани муассисаи таълимиву муассисаи тиббӣ манъ аст?

Ҳолати дигари ҳайратовар, ки диққати моро ҷалб кард, дар паҳлуи мактаби ибтидоӣ ҷойгиршавии масҷиди панҷвақтаи деҳаи Ҷавонон мебошад. Дарс­ҳо дар мактаб дар ду баст ҷараён мегиранд ва соати дарсии басти дуюм баъд аз нисфирӯзӣ оғоз мегардад. Дар ин вақт намозгузорон ҳам намози пешин ва ҳам намози асрро мехонанд. ҷанозаи шахсони фавтида низ дар ҳамин масҷид баргузор мешавад, ки на танҳо ба кӯдакон таъсир, балки ба рафти дарсҳо низ халал мерасонад. Дар ин хусус аз вакили Ҷамоати деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов Вайсиддин Кабиров ва раиси маҳаллаи Ҷавонон Далер Раҳмонов пурсон шудем. Онҳо гуфтанд, ки дар ин бора ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва Раёсати маорифи шаҳр борҳо муроҷиат кардем, вале муроҷиатҳои мо то имрӯз беҷавоб мондаанд.

Ҷиҳати муайян кардани ин муаммои сарбаста, ки ҳанӯз аз охири солҳои ҳаштодуми садаи бистум то ҳол ягон ниҳоди давлатӣ гиреҳи онро кушода натавонистааст, хостем аз имоми масҷиди панҷвақтаи деҳаи Ҷавонон Мирзораҳим Бурунов низ пурсон шавем. Мутаассифона, ҳар боре ба ин деҳа мерафтем, ӯро пайдо карда наметавонис­тем. Бо ӯ телефонӣ суҳбат кардем. Вай иброз дошт, ки барои ҳалли ин масъала борҳо ба роҳбарияти Ҷамоати деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов муроҷиат кардааст, вале кай ҳал мешавад, маълум нест.

Дар сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бахши корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим мавҷуд аст. Шояд мудири он Нуриддин Шарипов дар бораи ин муаммои сарбастаи солҳо боз ҳалнагашта маълумоте дошта бошад?

Баъд аз мактаби ибтидоии №116, ки филиали МТМУ №26 мебошад, ба сӯи ин муассиса роҳ пеш гирифтем. Директори муассисаро пурсон шудем, ӯ ба қабули сардори раёсат рафта будааст. Дар ҳавлии мактаб омӯзгорон якҷо бо хонандагон ба оғози басти дуюми дарсҳо омодагӣ медиданд. Суҳбати мо бо муовини директор оид ба таълим ва чанде аз омӯзгорони собиқадори мактаб аз мушкилоти ҷойдошта оғоз гардид.

 Тавре онҳо иброз доштанд, мактаб ҳанӯз соли 1961 сохта шуда, дорои ҳафт синфхона, ҳуҷраи кории директор, хонаи муаллимон ва китобхона мебошад. Он барои 150 нафар дар ду баст пешбинӣ шуда, 17 омӯзгори соҳибмаълумот ба шогирдон таълим медиҳанд. Аз деҳаи Ҷавонон, ки мактаби синфҳои болоӣ надорад, то соли хониши 2020-2021 даҳ хонанда дар мактаби мазкур таҳсил мекарданд. Вале дар соли хониши 2021-2022 аз ин деҳа хонандагон дигар наома­данд.

Агар дар деҳаи Ҷавонон мактаби ибтидоӣ барои синф­ҳои 1 — 4 фаъолият дошта бошад, дар деҳаи Бахтёрон умуман мактаб вуҷуд надорад. Кӯдакону наврасони ин ду деҳа солҳо боз дар МТМУ №43­- и деҳаи Чилчашмаи деҳоти «Бӯстон»-и ноҳияи Файзобод таҳсил мекунанд. Барои ҳозир шудан ба дарсҳо ҳар рӯз хонандагони деҳаҳои номбурдаро зарур аст, ки масофаи наздик ба чор километрро тай намоянд. Дурии роҳ барои дар вақти муайян ба дарс ҳозир шудани онҳо монеа эҷод мекунад, зеро то омадани хонандагон соати якуми дарс ҳам ба охир мерасад. Омӯзгорони муассиса мегӯянд, ки бо сабаби сари вақт ба мактаб ҳозир нашудани хонандагони деҳаҳои Ҷавонон ва Бахтёрон соати якуми дарс баргузор намешавад. Дар рӯзҳои боронӣ ва ё боридани барф хонандагони ин деҳаҳо умуман ба мактаб омада наметавонанд. Директори муассиса Муродалӣ Тағоев изҳор дошт, ки барои аз таълим дур намондани хонандагони деҳаҳои номбурда, ки мактаб надоранд, маҷбурем онҳоро ба таҳсил фаро гирем.

Сокинони деҳаҳои Ҷавонон ва Бахтёрон мегӯянд, ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта ва ду даҳсолаи садаи бисту якум борҳо роҳбарияти шаҳри Ваҳдат ва Раёсати маорифи шаҳр ваъда медоданд, ки мактаби наву замонавӣ месозанд. Мутаассифона, ҳеҷ не ин нияти роҳбарияти шаҳр амалӣ гардаду мушкилоти мактабиён аз байн равад.

Дар ду деҳаи зикршуда аз соли 1990 инҷониб барои бунёди мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бартараф кардани мушкилоти мавҷуда ягон ташаббус нашудааст. Чунин бепарвоиву саҳлангорӣ ба он оварда расонд, ки бештари духтарон, ҳатто писарони деҳаҳои зикргардида, аз таълиму тарбия берун мондаанд ё ин ки аз дурии роҳ ва набудани шароит аз мактаб дилмонда шудаанд. Омӯзгорони муассисаи таълимии №43-и деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод ҳам иброз доштанд, ки дар синф­ҳои болоии мактаб аз деҳаҳои Ҷавонон ва Бахтёрон умуман духтарон таҳсил намекунанд. Синфи 10-уми муассиса ягон духтар надорад, ҳама писаронанд. Волидон ва дигар сокинони ин ду деҳа борҳо ба ниҳодҳои марбутаи шаҳри Ваҳдат ва деҳоти ба номи Бозорбой Бурунов дар бораи бартарафсозии мушкилоти бамиёномада муроҷиат кардаанд, вале бефоида.

Моҳи ноябри соли 2019 дар деҳаи Ҷавонон қитъаи замин дар масоҳати 0,70 га барои сохт­мони мактаби замонавӣ ҷудо гардида буд. Лоиҳаи сохтмони мактаб тарҳрезӣ шуда, он бояд аз ҷониби соҳибкори ватанӣ то ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (то оғози соли хониши 2020-2021) ба истифода дода мешуд. Соҳибкор як қисми масолеҳи сохтмониро барои оғози сохтмони мактаб муҳайё кард. Сокинони деҳаи Ҷавонон ва Бахтёрон аз ин иқдоми соҳибкори хайрхоҳ хеле хурсанд буданд, ки акнун фарзандон дар мактаби замонавӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Вале чӣ боис гардид, ки соҳибкор ин амали хайрро ба анҷом нарасонид? Шояд ба лоиҳаи сохтмони мактаб касе монеа гардид?

Дар рӯзҳои анҷоми соли хониши 2021-2022 бори дигар ба муовини раиси шаҳри Ваҳдат Мансур Каримзода ва сардори Раёсати маорифи шаҳр Қосим Давлатзода оид ба мушкилоти бемактабӣ дар ду деҳаи зикршуда ёдрас шудем. Дар ҷавоб гуфтанд, ки лоиҳаи сохтмони мактаби деҳаи Ҷавонон омода аст ва онро моҳи июни соли равон оғоз намуда, дар арафаи соли хониши 2022-2023 ба истифода медиҳанд. Мутаассифона, сохт­мони мактаб бо сабаби ҷудо нагардидани маблағ ва пайдо нашудани соҳибкор то ҳол оғоз нагардидааст. Оё роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат барои ҳалли ин мушкилот чорае меандешида бошанд?

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»