Дар деҳаи Ибрати ноҳияи Восеъ бинои нави таълимӣ бо маблағгузории Бонки исломии рушд бунёд ёфт.
Пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сабр — Аф» буда, корҳои сохтмони дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуда истодааст.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ иттилоъ доданд, бинои таълимӣ аз ду ошёна ва 11 синфхонаи таълимӣ иборат буда, дар як баст 240 хонанда ба таълим фаро гирифта мешавад.
Ҳангоми боздид маълум гардид, ки синфхонаҳои муассисаи таълимӣ бо тамоми шароити замонавӣ, муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ошёнаи якуми бино утоқҳои алоҳида аз фанни физика, химия, биология ва синфхонаи компютерӣ дорои 25 адад компютер ҷойгир шуда, дар ҳамаи синфхонаҳо тахтаҳои электронӣ насб гардидааст.
Масоҳати замини муассиса 72 сотих буда, гирду атрофи он ба пуррагӣ панҷарабандӣ гардидааст.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»