Таҷлили ҷашни бошукӯҳи сеҳазорсолагии Ҳисори бостон, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 октябри соли 2015 баргузор гардид, ба мардуми ноҳияи Ҳисор имконият фароҳам овард, ки соҳиби биноҳои наву замонавии манзилию маишӣ, муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ гардида, роҳҳои дохили ноҳия таъмиру азнавсозӣ ва ёдгориҳои таърихии мавзеи Қалъаи Ҳисор таъмиру тармим шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияи Ҳисор моҳи сентябри соли гузашта чунин таъкид доштанд: «Ҳадафи асосии ҳар як ҷашну чорабинӣ ободу зебо гардонидани ин ё он гӯшаи диёрамон ва дар маҷмӯъ ободонии Ватанамон мебошад».
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бошукӯҳи 3000 — солагии Ҳисори бостонӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сокинони 14 шаҳраку деҳоти ноҳия як қатор иншоот сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳам дар маркази ноҳия — шаҳраки Ҳисор ва ҳам дар маркази деҳоти «Ҳисор» иншооти зиёди ҷашнӣ қомат афрохтанд. Дар ин мавзеъ ҳамчунин «Мадрасаи Нав», «Мадрасаи Куҳна», «Майдони Регистон», «Масҷиди Сангин», «Мақбараи Хоҷаи Махдуми Аъзам», «Масҷиди Одина», «Масҷид ва Мадрасаи Кӯли Моҳиён», «Корвонсарои хиштин» ҷойгиранд, ки онҳо аз куҳантаърих будани ин мулки кишварамон гувоҳӣ медиҳанд.
Ин иншооти таърихӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни 3000 — солагии Ҳисор аз ҷониби олимону мутахассисон бозсозӣ шудаанд. Сокинони деҳоти «Ҳисор» ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ ба ҳашарҳои оммавӣ баромада, гирду атрофи ин мавзеи таърихиро тоза мекарданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки деҳоти «Ҳисор» дар ноҳия аз калонтарин ва сернуфустарин маҳсуб меёбад. Дар ин ҷо зиёда аз 35 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Аҳолии он асосан бо кишоварзӣ, чорводорӣ, сохтмон ва тиҷорат машғуланд. Сарфи назар аз он ки мардуми ин деҳоти номдор дар дохил ё берун аз ҳудуди он кору фаъолият мекунанд, барои ободии диёрашон ҳамеша тайёранд. Бахусус, дар давраи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бошукӯҳи таърихии 3000 — солагии Ҳисори бостон паҳлу ба паҳлу истода, саҳми босазои худро гузоштанд. Дар ин давра соҳибкорони ҳудуди деҳоти мазкур ба сохтмони якчанд иншооти ҳозиразамони маишиву фарҳангӣ камари ҳиммат баста, онҳоро дар муҳлати муайян ба истифода доданд. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкор Рустам Саидов як меҳмонхонаи зебою барҳаво ва маркази хизматрасонии дорои шароити муосири ҷаҳонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Корхонаи истеҳсоли хишти пухта бо иқтидори истеҳсоли 25 ҳазор дона хишт дар як шабонарӯз аз тарафи соҳибкор Икромиддин Баҳодуров, воқеъ дар деҳаи Сайёд, сохта шуда, ба истеҳсоли хишт шурӯъ кард. Айни ҳол дар ин коргоҳи нав 20 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд. Бо мақсади беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадӣ Тӯраев дар деҳаи Мавлошариф иншооти ҷашнии бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода, бо таҷҳизоти муосир таъмин гардонида шудааст, ки айни ҳол дар хизмати мардум қарор дорад. Ин соҳибкори босаховат барои мардуми деҳа мағозаи молҳои ниёзи аввалро ба истифода дода, ҳамчунин ду кӯпруки дигар низ бунёд намуд, ки акнун он дар истифодаи умум мебошад. Аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Абдурауф Юсуфов сохтмони фермаи замонавӣ бо васли технологияи муосир барои ғунҷоиши зиёда аз 350 сар чорвои калон анҷом ёфта, дар он ҷо зиёда аз 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар ҳудуди деҳоти «Ҳисор» аз тарафи соҳибкорон сохтмони боз якчанд иншооти гуногун дар сатҳи баланд ба анҷом расид. Соҳибкор Дилшод Камолов дар деҳаи Навбунёд қисми асосии корҳои сохтмонии гармхонаи парвариши гулҳои ороишӣ ва сабзавоти барвақтиро дар майдони як гектар анҷом дода, айни ҳол дар ин ҷо сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидор ва бодиринг кишт кардаанд, ки ҳосили он ба бозорҳои дохилӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳамчунин дар деҳаи Ҳисор иншооти ҷашнии Маҷмааи маркази савдою хизматрасонии техникӣ, ҳаммоми замонавӣ ва толори варзишӣ аз тарафи бародарони соҳибкор Хайриддин ва Тоҷиддин Қараевҳо идома дорад, ки ояндаи наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ин бародарони соҳибкор дар як вақт барои аҳолии маҳаллаҳои Ҳисор, Сайёд ва Чашмаи Моҳиён як чоҳи амудӣ дар чуқурии 65 метр кофта, оби нӯшокӣ бароварданд, ки имрӯз он барои мардум хизмати шабонарӯзӣ мерасонад. Дар деҳаи Куҳнабой бошад, аз ҷониби аҳолӣ тариқи ҳашар сохтмони маркази саломатии деҳот, маркази хизматрасонии техникӣ ва чойхона бомаром идома дорад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»