Маҳз сафар аст, ки инсони огоҳу ҳушманд метавонад аз он сабақи маърифат андӯзад ё рамзеро кашф созад. Шояд умри инсон барои дидани ҳама зебоии олам басанда набошад. Ин андешаҳо замоне дар ман нусрат пайдо кард, ки бароям аз сафари Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ширкат дар ҳамоиши шиносоӣ бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳуриҳои АвруОсиё мужда доданд.
Дар баробари намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, банда ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мирзозода Фарзона Тоҷикистонро муаррифӣ намудем.
Истиқболи гарму самимонаи мизбонон дар фурудгоҳи шаҳри Пекин паём аз он мерасонид, ки мардуми тоҷику чин дӯстии дерина доранд. Ин андешаро мардуми Хитой низ борҳо дар суҳбатҳо таъкид намуданд. Аз мулоқот эҳсос гардид, ки онҳо дар бораи Тоҷикистон иттилои фаровон доранд ва пайваста пешрафтҳои кишвари моро мебинанду мешунаванд. Ин шинохтанҳо, пеш аз ҳама, самараи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва сиёсати «дарҳои боз» маҳсуб мешавад.
Аз ҷониби дигар, технологияи муосир имконоти хуб фароҳам овардааст то ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешрафтҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо, огоҳии зиёд дошта бошад. Нуктаи ҷолиб дар рӯзи нахустини сафар он буд, ки иштирокчиёни ҳамоиш бо директори департаменти давлатҳои Шарқу Аврупо ва Осиёи Марказии ВКХ Ҷумҳурии Халқии Хитой Гуй Тсуню вохӯрӣ доштанд. Дар рафти он муносибатҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой бо давлатҳои АвруОсиё шарҳ дода шуда, густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба муҳим арзёбӣ гардид. Инчунин, зикр шуд, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой барои эҳёи Шоҳроҳи бузурги абрешим соли ҷорӣ як қатор нишаст ва вохӯриҳои сатҳи баландро ба нақша гирифтааст, ки моҳияташонро барои иштирокчиён шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар рафти сафар аз намоиши акробатӣ дар театри Чаоян, ноҳияи Хуайжоу ва деҳаи нави он бо номи «Бэйгоу», ки бо хусусияти хос бунёд гардидааст, дидан намудем. Деҳаи «Бэйгоу» дар маҳалли Девори бузурги Хитой ҷой дорад ва баъди боздид аз ин деҳа ба самти Девори бузурги Хитой равон шудем. Он яке аз муъҷизаҳои олам ба ҳисоб рафта, сохтмонаш дар асри III-и пеш аз мелод шурӯъ шудааст ва дарозии он қобили мулоҳиза аст. Суханони Мао Тзедун дар лавҳае, дар Девори бузурги Хитой чунин сабт гашта: «Агар ту дар Девори бузурги Хитой боре набудӣ, ту хитойии комил нестӣ !». Ҳамин аст, ки ҳар сол аз ин муъҷиза зиёда аз 40 миллион сайёҳ ва шаҳрвандони Хитой дидан мекунанд.
Рӯзи дигар аз Донишгоҳи забонҳои хориҷии Пекин дидан намудем, ки дар сақфи китобхонаи он бо забони форсӣ «Китобхона» навишта шудааст. Донишгоҳ соли 1941 бунёд гардида, ҳар сол аз 120 давлати дунё таҳлилгарон ва устодони кордонро ба он даъват менамоянд. Шумораи муҳассилинаш ба 7200 нафар расида, донишҷӯёни хориҷии он зиёда аз 950 нафарро ташкил медиҳанд. Баъд осорхонаи «Гугун»-ро, ки бо номи «Шаҳри маҳзур» ва ё «Осорхонаи дарбори император» маъмул аст, тамошо кардем. Сипас, ба майдони «Тянмэн», ки майдони марказии Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ҳисоб меравад ва онро хитойиҳо «дили давлати худ» медонанд, роҳсипор шудем. Дар ин майдон лавҳаи қаҳрамонони халқӣ ва мавзолейи Мао Тзедун, бинои осорхонаи миллии Хитой, бинои Маҷлиси халқӣ — Парлумони Хитой ва Театри бузурги миллии опера ва балет ҷой гирифтаанд.
Дар интиҳои сафар ба ширкати «Хуавей» даромадем. Он аз бузургтарин ширкат дар соҳаи телекоммуникатсия ба ҳисоб рафта, соли 1987 таъсис ёфтааст. Вақте сафар ба охир расид, эҳсос кардам, ки кӯлбори мо аз хотираву эҳсосоти аҷиб пур аст. Намедонам, ҳамаи онро навишта метавонам? Ба қавли Ҷалолуддини Балхӣ:
Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд ғунҷад қисмати якрӯзае.
Наҷибулло ОҚИЛЗОДА,
сармутахассиси Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон