Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо Комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои дахлдор, ҳар сол падару модарон бо мақсади ошноӣ пайдо кардан бо шароити хизмати ҳарбии фарзандонашон, ки дар қисмҳои ҳарбии кишвар хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меоранд, ба дидорбинии онҳо мераванд.
Чанде пеш дар доираи нақша — чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор дар қисмҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Панҷи вилояти Хатлон, ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, дидорбинӣ ва мулоқоти падару модарон бо аскарбачаҳое, ки адои хизмати аскарӣ менамоянд, баргузор гардид.
Ба ин хотир нақлиёти махсус ҷудо шуда, гурӯҳи волидонро намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Комиссариати ҳарбӣ ва масъулини шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор ҳамроҳӣ карданд.
Ҳайати гурӯҳ ва падару модарон ба қисмҳои низомӣ бо туҳфаю дастовез ворид шуда, бо хушҳолӣ бо фарзандонашон вохӯрданд. Дар қисмҳои низомӣ чорабиниҳои тантанавӣ ва фарҳангӣ доир гардид. Зимни суханронӣ масъулин аз вазъи пурҳаводис ва зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ёдовар шуда, аз афсарону сарбозон даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои Савганди ҳарбӣ ва дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садоқати ҳамешагӣ дошта бошанд.
Волидайни сарбозон зимни дидорбинӣ аз шароити муҳайёгардида ва буду боши фарзандонашон дар қисмҳои ҳарбӣ ва ошхонаву утоқҳои таълимӣ шинос шуданд ва қаноатманд гардида, ба роҳбарияти қисмҳои низомӣ изҳори сипос намуданд.
Иқдом бо мақсади беҳтар намуданни раванди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ амалӣ гардид.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»