Модарон офарандаи ҳаёт ва илҳомбахши рӯзгоранд. Сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан — модар аст. Ӯ ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам ба сифати хоҳар ё фарзанд, тимсоли қалби гарм, латофат ва наҷобату рафтори намунавӣ мебошад. Ин нукта дар чорабинии идонаи фарҳангии «Дуои Модар», ки чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд. Чорабинӣ, ки ба пешвози Рӯзи Модар дар толори «Дунёи ош»-и шаҳри Душанбе доир гардид, бонувони касбу кори гуногунро аз саросари кишвар ба ҳам овард.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири кишвар, зимни ифтитоҳи чорабинӣ нақши бонувонро дар ҷомеа баланд ва созанда арзёбӣ намуда, аз ҷумла, зикр кард: «Боиси сарфарозии мост, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои аввали соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ рисолати инсонофарию ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр менамоянд ва заҳмати фидокоронаи онҳоро дар ҳама соҳаҳо арҷ мегузоранд. Ба хотири он ки бонувон фардосози ҷамъиятанд, барои беҳбудии кору рӯзгори онҳо чандин барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо рӯи кор омаданд, ки самари нек ба бор оварданд».
Раиси кумита Зулфиқор Гулаҳмадзода зимни суханронӣ нақши занонро дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзанд муҳим шумурд.
- Ба ҷуз ин, имрӯз бонувони кишвари мо дар баробари мардон бо дарки баланди ватандорӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият менамоянд, дар рушди кишвар саҳм мегузоранд,- афзуд З. Гулаҳмадзода.
Вохӯрии модарон бо ҷигарбандонашон — сарбозон, ки ҳоло дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд, аз лаҳзаҳои пурҳаяҷони чорабинӣ буд. Масъулини кумита модаронро бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз намуданд.
Чорабиниро гурӯҳи санъаткорони маъруфи кишвар бо таронаҳои дилошӯб, тараннумгари қадру манзалати зан — модар хотима бахшиданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»