Дискотека. «Ангушти шашум»-и ҷомеаи шарқӣ

№38 (3675) 11.04.2017

seduction-disco-dance-floor

Дискотека ҳамчун макони фароғатӣ охири солҳои чилуми асри гузашта дар Фаронса пайдо шудааст. Аввалин дискотека бо номи «La discoteque» солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ҳамин кишвар фаъолият кардааст, ки дар он муштариён метавонистанд мусиқии ҷаз гӯш кунанд. Соли 1958 шабакаи дискотекаҳои фаронсавӣ ба ИМА роҳ ёфта, охири солҳои 70-ум дар ИҶШС (СССР) низ доман паҳн намуд.

Дар бештари маълумоте, ки қобили дарёфт аст, «дискотека» ҳамчун яроқи маънавие эътироф шудааст, ки аз тарафи мақомоти махсуси ғарбӣ барои аз анъанаҳои миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва тарзи ҳаёти солим дур кардани ҷавонони кишварҳои собиқ шӯравӣ эҷод гардидааст.

Хулласи калом, он ба меъёри ахлоқии миллии мо низ созгор набуда, баръакс, ба коста гардидани ахлоқи ҷавонписарону ҷавондухтарон бурда мерасонад. Дискоклуб дар шароити кунунӣ  макони ба роҳи бад рафтани писарону духтароне мебошад, ки берун аз меъёрҳои ахлоқи умумибашарӣ барои айёшӣ қаробати чандлаҳзаина меҷӯянд. Бадтар аз ин, зуҳуроти номатлуби ҳамҷинсгароӣ низ аз чунин марказҳо сарчашма мегиранд. Табиист, ки ин ҳолат боиси пайдоиши мушкилу ташвишҳои дигар, аз қабили ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, чун «ВИЧ /СПИД) – е, ки ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, ба дунё омадани кӯдакони маъюбу маслуқ мегардад.

Тибқи хулосаи мутахассисони соҳаи тиб, ҳузури ҷавонон дар чунин мавзеъҳои дилхушӣ ба саломатии онҳо таъсири бад мерасонад. Одатан, инсон баъди меҳнати вазнин ва давутозҳои рӯзона хаста мегардад ва ба оромию истироҳат ниёз дорад, ки чунин фурсати боб шаб аст. Вале ҳаводорони клубҳои шабона то бевақтии шаб ба рақсу бозӣ ва дигар машғулиятҳои берун аз ахлоқ машғул гашта, сокинони биноҳои дар наздикӣ воқеъбударо ба ташвиш мегузоранд. Маъмулан, баъди истироҳат инсон болидарӯҳ мегардад. Баръакси ин, онҳое, ки муддати тӯлонӣ дар клубҳои шабона «фароғат» менамоянд, хеле асабию дуруштгуфтор мешаванд ва зуд ба ғазаб меоянд.

Ба ҳеҷ ваҷҳ даъвои баста шудани чунин марказҳои дилхуширо надорем. Вале масъулини он бояд дар фаъолияти худ назокатҳои ҷомеаи шарқиро дар  мадди назар дошта бошанд. Вагарна…

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»