Дусола будам, ки тақдир маро аз модар ҷудо кард. Падарам баъди чанде оилаи нав барпо намуд ва тарбияи манро бибиам Сокина Шамсиддинова ва бобоям усто Ҳайдар Шукуров ба дӯш гирифтанд. Онҳо бо меҳру муҳаббати зиёд маро ба воя расониданд.
Соли 2007 бобоям вафот кард ва зиндагиамон хеле душвор гашт. Пасон, миёни амакҳоям барои соҳиб шудан ба манзили зист, яъне тақсимоти мерос, баҳс сар шуд. Онҳо суханони бибиамро ба эътибор намегирифтанд.
Бародарам Зайдулло Шукуров дар деҳаи Лучоб зиндагӣ мекунад ва амакҳоям бо ҳазор найранг бибиамро ба хонаи ӯ бурданд. Амакам Абдуманон Шукуров аз фурсат истифода бурда, бо муҳандис — заминсози Ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» Неъматулло Ашӯров (баъдан раиси ҷамоат) забон як карда, ҳавлиро ба номи худ ва аҳли оилааш ҳуҷҷатгузорӣ намуда, соҳибмулк мешавад. Дар аввал аҳли хонавода аз ин бехабар будем. Вақте ки амаки дуюмам Абдусалом Шукуров аз ин рафтори Абдуманон огоҳ шуд, бо истифода аз роҳҳои гуногун як қисми ҳавлиро аз худ кард. Баъд аз ин баҳсҳо авҷ гирифтанд, зеро дигар амакҳоям низ мехостанд ҳиссаи худро соҳиб шаванд. Ман ҳам худро дар канор нагирифта, барои ҳиссаи худамро аз ҳавлии бобоям соҳиб шудан ба амакам Абдуманон муроҷиат кардам, вале ӯ суханони маро ба як пули пучак ҳам нагирифт. Ҳол он ки ман ҳам дар ҳамин ҳавлӣ ба дунё омадааму маро бобову бибиам калон кардаанд ва то ҳол дар қайди Ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи Куҳӣ» мебошам.
Инак, 12 сол аст, ки баҳси мо хотима намеёбад. Аз ҷумла, ман 18 феврали соли 2017 ба раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода муроҷиат кардам. Ӯ ба шахсони мутасаддӣ ҷиҳати дида баромадани баҳси бамиёномада супориш дод. Раиси вақти Ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи кӯҳӣ» Неъматулло Ашӯров, ки ҳавлии бобоямро маҳз ӯ ғайриқонунӣ ба номи амакам Абдуманон ҳуҷҷатгузорӣ карда буд, дар назди раиси шаҳр ваъда дод, ки моҷарои оилавӣ то 15 апрели соли 2017 ҳалли худро меёбад, аммо вафо накард.
Маҷбур шудам, ки моҳи апрели соли 2017 ба Суди шаҳри Ҳисор муроҷиат намоям. Аризаи ман ба судяи Суди шаҳр Абдушукур Иброҳимзода вобаста шуд. Судя баъди як ҳафта ба ҷойи истиқоматии мо омада, ҳавлиро аз назар гузаронида, ба амакам Абдуманон гуфт, ки аз як гӯшаи ҳавлӣ барои ман замин ҷудо намояд ва дар сохтмони манзил кумак расонад. Вале аз чӣ бошад, ки судя на санад тартиб доду на ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дигар пешниҳод кард. Ҳамин тариқ, шикоят натиҷа надод.
Ман маҷрӯҳи гурӯҳи 3-юми бемории асаб мебошам. Аз ин рӯ, тоқати шунидани ваъдаҳои дурӯғи роҳбарияти шаҳр ва ҷамоатро надорам. Масъулони мақомоти дахлдори шаҳри Ҳисор фаромӯш кардаанд, ки кумак ба ашхоси ниёзманд, махсусан, нафарони дорои имконияташон маҳдуд, аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб меёбад. Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ин табақаи ҷомеа мавқеи аввалиндараҷа дорад. Аз ин ҷост, ки бо дастуру роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ин табақаи ҷомеа дастгирӣ меёбад. Мутаассифона дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо, ба мисли ман, ба маъюбон аҳамият намедиҳанду ба додашон касе намерасад.
Ба ҳар мақомоту идораи дахлдоре, ки ҷиҳати ҳалли баҳси оилавӣ муроҷиат кардам, ба ғайр аз ваъдаҳои дурӯғ чизе насибам нашуд. Ҳатто 8 ноябри соли 2018 ба Бойгонии байниидоравии назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор оид ба ҳайати шахсӣ (директораш Пиров Шаҳобиддин) ва 26 ноябри соли 2018 ба Филиали бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор (роҳбараш Т. Расулов) муроҷиат кардам. Баъди дида баромадани китобҳои қайди солҳои 2007 то 2015 метавонистам, маълум кунам, ки бо кадом роҳ ва кадом ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, амакам Абдуманон Шукуров ҳавлии бобоямро аз худ кардааст. Ҳатто ба саволи «амакам чӣ тавр шиносномаи техникиро аз КФБТ-и шаҳри Ҳисор ба номаш гузаронидааст», касе аз масъулин ҷавоб гуфта натавонист. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро низ пешниҳод накарданд.
Бо кумаки тағоям ва бародарам Зайдулло соли 2017 оиладор шудам ва муддати шаш моҳ дар ҳавлии тағоям маскун гардида, боз ба ҳавлии бобоям баргаштам. Амакам ин дафъа нагузошт, ки дар ягон ҳуҷра зиндагӣ кунам. Маҷбур шудам таҳхонаи бетонӣ ва намнокро бо завҷаам ҷойи зист интихоб кунем. Чанд моҳ пештар соҳиби фарзанд ҳам шудем. Мутаассифона, ҳоло ҳам дар ҳамон таҳхонаи бетонии хунук ҷойгирем.
Шояд баъди чопи ин матлаб раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, роҳбарияти Ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ» ва дигар ниҳодҳои дахлдор ба доди ман расанд.
Оятулло Шукуров, сокини Ҷамоати деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ»-и шаҳри Ҳисор, маъюби гурӯҳи 3-юм