Довталаби майдони набард ва муҳофизи Жуков

№55 (4475) 06.05.2022

Корнамоии тоҷикистониҳо дар мубориза бар фашизми гитлерӣ

Бобиев МуъминСолҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) аз чор як ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон ба майдони набардҳо рафта, аз се як ҳиссаи онҳо ҷон доданд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 67  собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аз онҳо як нафарашон зан мебошанд, дар қайди ҳаётанд. Ҷавонтарин иштирокчии ҷанг 97 ва бузургтаринаш 110 сол дорад.

Ҳар сол мардуми шарифи кишвар, дар баробари дигар халқу миллатҳои дунё, Рӯзи Ғалабаро ба хотири арҷгузорӣ ба ҷасорату фидокорӣ ва матонату қаҳрамонии мардони ҷабҳаи набард ва ақибгоҳ, ки мушкилоти тоқатфарсои он солҳои мудҳишро бо кору заҳмати бемисл паси сар карда, ба пирӯзӣ расидаанд, таҷлил мекунанд.

Чун сафарбарӣ ба ҷанг оғоз шуд, бархе аз ҷавонони ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд. Моҳҳои июн ва июли соли 1941 беш аз 250 нафар ба ҷабҳа фирис­тода шуданд. Солҳои баъдӣ 10 ҳазору 345 нафар ба ҷанг сафарбар шуда, 2700 нафарашон баргаштанд, ки шумораи зиёдашон маъюбу маҷрӯҳ буданд. Ҳоло дар шаҳри Ваҳдат ду нафари онҳо дар қайди ҳаётанд: Бобиев Муъмин ва Тошев Шерон. Ҳамчунин, дар қатори онҳо боз се нафаре, ки дар ақибгоҳ барои ҷанговарони майдони муҳорибаҳо озуқа ва либос тайёр карда мефиристоданд, давраи пирӣ меронанд.

Муъмин Бобиев 5 майи соли 1925 дар деҳаи Юмсуроқи ноҳияи Янгибозор,  баъдан Орҷоникидзеобод, ҳоло деҳаи Диамони деҳоти «Симиганҷ»-и шаҳри Ваҳдат, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1939 мактаби ҳафтсолаи деҳаро, ки «Коммунист» ном дошт, хатм карда, ҳамроҳи падараш ба деҳқонӣ машғул шуд. Соли 1941, баъд аз оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ Муъмини ҷавон, ки нав ба ҳабдаҳсолагӣ қадам монда буд, ихтиёрӣ бо чанд нафар ҳамдеҳагонаш ба Комиссариати ҳарбии ноҳия омада, хоҳиши ба фронт рафтан намуд. Ӯро бо сабаби ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасиданаш иҷозати рафтан надоданд.

- Аз ҳавлии комиссариати ҳарбии ноҳия берун шудам ва пушти дари он то бегоҳ интизорӣ кашидам, вале ҳеҷ кас маро гӯш намекард. Ногоҳ командири комиссариат, ки марди қоматбаланди ситорагарм буд, маро ба наздаш даъват карда гуфт: «Писарҷон, мебинам, ки ту ҷавони далеру шуҷоъ менамоӣ, охир ҳоло ба синни ҳаждаҳ нарасидӣ, ба ҷанг рафтани ту мумкин нест. Ҳамин ки ба ҳаждаҳ расидӣ, туро ҳатман даъват мекунем ва ба хизмат мефиристем», — нақл кард бобои Муъмин ва суханашро идома дод: — Якчанд бори дигар ба комиссариати ҳарбии ноҳия рафтам, вале ба ман иҷозат надоданд. Соли 1942 моҳи июн, вақте ки ба ҳаждаҳ қадам монда будам, субҳгоҳ ба дари комиссариат ҳозир шудам ва командир аз диданам хушҳол гардида, маро ба оғӯш гирифта, ба гӯшам гуфт, бовар дорам, ки ту бо ин далериву мардонагиат душманро шикаст медиҳӣ.

Ҳамон рӯз дар назди комиссариати ҳарбии ноҳия наздик ба 200 ҷавону калонсол ҷамъ омаданд ва баъд аз як рӯз моро ба сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба майдони беканори соҳили дарёи Зарафшон оварданд. Дар он ҷо бо бародарони ӯзбеку қирғиз чор моҳ дарсҳои ҳарбӣ ва истифодаи дурусти силоҳро омӯхтем. Сипас, ба шаҳри Тошканд бурда, муддати се рӯз либосҳои тобистонаи ҳарбиамонро бо либосҳои нави зимистона иваз намуда, аз он ҷо тавассути қатора ба майдони ҷанг сафарбар карданд. Аз истгоҳи роҳи оҳани наздикии шаҳри Харков моро ба мошинҳои ҳарбӣ савор карда, ба хати пеши ҷабҳа бурданд, ки он ҷо ҷанговарони артиши Шӯравӣ дар хандақҳо ҷойгир буданд. Аз сарбозони ҷанговар пурсидем, ки дар куҷоем? Онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки дар назди шаҳри Харкови Украина муқобили фашистон камин гирифтаем.

Баъд аз ду рӯз ҳайати сарбозони навро ба дивизияи тирандозии пиёдагарди фронти дуюми Украина шомил карданд. Он ҷо чор моҳи зимистон муқобили фашистон истодагарӣ намудем. Бо фармони сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин дар ҳама хати фронт ба муқобили фашистон ҳуҷуми калонмиқёси ҳавоӣ ва заминӣ оғоз гардида, шаҳрҳои Харков, Киев ва Днепропетровскро аз душман озод кардем.

Дар озод кардани шаҳри Днепропетровск аз пою китфи ростам захм бардоштам ва маро ба гос­питали шаҳри Киев оварданд. Баъд аз 7 моҳи табобат бо иҷозати комиссияи тиббӣ 15 нафар шифоёфтагонро ба майдони ҷанг иҷозат доданд. Ҷангро бо ҳамяроқонам, дар қисмати ҷанубу ғарбии Украина идома дода, дар набардҳои шадид шаҳрҳои Гешин, Лвови Украина  ва Кракову Варшаваи Полшаро озод кардем. Дар муҳориба баҳри озод кардани шаҳри Лвови Украина бори дуюм аз пои росту дасти чапам захм бардоштам ва маро ба госпитали Кавказ оварданд. Дар он ҷо муддати тӯлонӣ, то рӯзи ғалаба бар фашизм табобат гирифтам. Ҳамаи маҷрӯҳонро дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷамъ оварда, аз Комиссияи давлатии тиббии иҷтимоӣ гузарониданд ва ба ман маҷрӯҳи гурӯҳи II таъин карда, ба ватани азизам — Тоҷикистон, бо хабари ғалаба ва сари баланд баргаштам.

Бобои Муъмин барои ҷасорат дар ҷанги зидди фашистон бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», ду ордени дигар ва 17 медали ҷангӣ қадрдонӣ шудааст. Ӯ баъд аз ҷанг дар соҳаи маориф ба ҳайси омӯзгори фанни география ва баъдан фанни тайёрии ибтидоии ҳарбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва №8-и деҳоти «Симиганҷ» фаъолият карда, барои хизматҳояш бо медали «меҳнати шоён» ва бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва Шуъбаи маорифи ноҳияи Орҷоникидзеобод сарфароз гардидааст.

 ***

Шерон ТошевШерон Тошев 17 июни соли 1926 дар деҳаи Тақназарии ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ ва маълумоти миёнаи нопурраро дар мактаби деҳааш гирифт. Соли 1943, вақте ки ӯ ҳабдаҳсолагиро пур кард, ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Орҷоникидзеобод муроҷиат намуд, то ки дар қатори ҳамсолонаш ба ҷанги зидди фашистон равад. Хоҳиши ӯро комиссариати ҳарбии ноҳияи Орҷоникидзеобод пазируфта, ҳамроҳи 145 даъватшуда ба хизмати артиши Шӯравӣ, ба ҷанги зидди Германияи гитлерӣ сафарбар карданд. Вақте ки аз бобои Шерон чӣ тавр ба ҷанг рафтанашро суол кардем, чунин нақл кард:

- Аз шаҳри Душанбе моро ба қатора савор карда, ба шаҳри Самарқанд бурданд. Дар он ҷо ба сарбозон либоси ҳарбӣ доданд, ман, ки хурдҷусса будам, андозаи либосҳо калонӣ кард ва як чапончаи ҳарбиро пӯшонданд. Як ҳафта тактикаҳои ҷангӣ ва истифодаи силоҳро омӯхтем. Сипас, моро, ки 1300 нафар будем, тавассути қатораи боркашонӣ ба шаҳри Харкови Украина сафарбар карданд. Аз истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Харков бо мошинҳо ба хати фронт оварданд, ки дар он ҷо ҷанги шадид мерафт. Ба Фронти якуми танкиву артилерии Украина шомил гардида, ба майдони муҳориба рафтем, — гуфт ӯ.

Тобистони соли 1944 сарзамини Иттиҳоди Шӯравӣ аз дасти фашистони хунхор озод шуд. Фашистон рӯ ба гурез ниҳоданд. Дар озод кардани давлатҳои Руминия, Венгрия, Полша ва Чехословакия иштирок карда, моҳи апрели соли 1945 дар наздикии сарҳади Германия аз дасти ростам сахт захмӣ шудам ва маро ба госпитал бурданд. Ҷароҳатҳоро зуд табобат карданд ва боз ба майдони ҷанг рафтам. Шаҳди Ғалабаро рӯзи 8 майи соли 1945 дар Рейхстаги Берлин чашидам.

Баъди ғалаба бо фармони фармондеҳи қӯшунҳои Артиши Шӯравӣ Константин Жуков мо сарбозонро дар шаҳри Берлин ба ҳайси муҳофиз таъин карданд, ки он ҷо шаш моҳ хизмат кардем. Сипас, қисми низомии моро ба шаҳри Варшаваи давлати Полша равон карданд, ки он ҷо низ се моҳ хизматро давом дода, баъдан, як соли дигар дар якчанд шаҳри давлати Венгрия низ ба ҳайси муҳофиз адои вазифа кардем. Қисми низомиро, ки дар он хизмат мекардам, соли 1948 ба шаҳри Севастопол ва баъд аз чанд муддат ба шаҳри Евпатория ҷойгир карданд. Баъди ҷанг панҷ соли дигар хизмати ҳарбиро ба ҷо овардам ва баҳори соли 1950 баъди адои хизмати Ватан маро ба хона ҷавоб доданд. Шерон Тошев барои шуҷоату далериҳояш дар майдони набард аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ва беш аз бист медал мукофотонида шудааст.

***

Аз муаллиф: Мақола пештар омода шуда буд. Аз Шӯрои ветеранҳои ҷанг ва меҳнати шаҳри Ваҳдат хабар доданд, ки чанде пеш Муъмин Бобиев дар синни 96 ва Шерон Тошев дар 95-солагӣ аз дунё гузаштанд. Рӯҳашон шод ва манзили охираташон обод бод!

Муҳаммад ЗОКИР, 

«Садои мардум»