Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Тутои ноҳияи Муъминобод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ва дар деҳаи Навбаҳори ноҳия иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 бо шароити замони муосир сохта ба истифода дода шуданд.
Зимни ифтитоҳи иншооти мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва раиси ноҳия Сайвалӣ Амирзода иштирок намуда, иттилоъ дода шуд, ки ҳар ду муассиса бо маблағи 11 миллиону 657 ҳазору 592 сомонӣ сохта шуданд.
Муассисаи №7 аз ду ошёна иборат буда, дар як баст барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст, ки дорои синфхонаҳои технологияи информатсионӣ, физика, химия, биология, математика, забони русӣ ҳуҷраи омӯзгорон ва синфхонаи инкишофи барвақтии кӯдакон мебошад.
Муассисаи №37 бошад, барои 480 хонанда пешбинӣ шуда, дорои 10 синфхонаи бо шароити муосир муҷаҳҳаз аст.
Сарвазири мамлакат ҳангоми боздид аз иншооти навбунёд, зикр доштанд, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар ва Роҳбари олии мамлакат қарор дошта, таъмини шароити муосир барои таълиму тарбияи насли наврас омили муҳим дар рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
И. РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»