Азми қавии кишоварзон
Деҳқонони ноҳияи Тоҷикобод тасмим гирифтаанд, ки соли ҷорӣ дар майдони 2127 гектар ғалладона, 1108 гектар картошка, 330 гектар сабзавот ва ғайра кишт кунанд.
Барои сари вақт гузаронидани киштукор дар ноҳия 80 тонна тухмии ғалла, 1660 тонна тухмии картошка мавҷуд аст. Талаботи хоҷагиҳо дар маҷмӯъ ба тухмии ғалла 70 тонна ва картошка 1400 тоннаро ташкил медиҳад. Кишоварзон бовар доранд, ки киштро дар вақташ ба анҷом расонида, ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.
Аз иҷрои нақша бо сарбаландӣ мебароянд
Дар ноҳияи Тоҷикобод маъракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад. Хоҷагиҳои ноҳия аллакай 71 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳосилдеҳ шинонда, иҷрои накшаро 100 фоиз таъмин намудаанд.
Мувофиқи нақша имсол бояд дар майдони 20 гектар боғи нав, аз ҷумла 3 гектар боғи интенсивӣ бунёд ва 8 гектар боғи куҳна барқарор шавад. То имрӯз дар 15 гектар боғи нав бунёд гардидааст.
Рафти корҳои баҳорӣ ва захираҳои мавҷуда нишон медиҳанд, ки деҳқонони ноҳия аз уҳдаи иҷрои нақша бо сарбаландӣ мебароянд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»