Ду муовини дабири кулли СММ дар Конференсияи оби Душанбе иштирок мекунанд

№65-66 (4485-4486) 31.05.2022

Бисту ҳафтуми майи соли 2022 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 6 — 9 июни соли равон дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе баргузор мешавад,  таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ,  миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» брифинг доир шуд, ки дар он роҳбарони намояндагии дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Роҳбари котиботи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» Султон Раҳимзода доир ба корҳои омодагӣ маълумот дода, чорабиниҳои марбут ба он, аз ҷумла ҳадафҳои асосӣ, раванди омодагӣ ба баргузории нишастҳои умумӣ, панелҳои интерактивию шарикӣ, форумҳои махсуси гурӯҳҳои минтақавию асосӣ, Намоишгоҳи байналмилалии «Об — барои рушди устувор», Фестивали оби Душанбе, Марафони ҷаҳонии об, намоиши «Ҳақиқати виртуалӣ» дар мавзӯи «Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об», боздиди саёҳатӣ барои меҳмонони конференсия аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихии кишвар, анҷуману нишастҳои дигари марбут ба конференсияро муаррифӣ кард.

Зикр шуд, ки барои иштирок дар Конференсияи дуюми Душанбе беш аз 2000 намоянда аз кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо ва дигар ҷонибҳои алоқаманд номнавис шудаанд.

Дар Конференсияи дуюми Душанбе муовини якум ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ иштирок мекунанд. Ҳайатҳои давлатҳои аъзои СММ дар сатҳи президентҳо, сарвазирон, муовинони сарвазирон, вазирони корҳои хориҷӣ ва дигар мансабдорони сатҳи баланд барои иштирок дар ҳамоиш ба Душанбе меоянд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

 «Садои мардум»