Чаро деҳоти «Нофароҷ» кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ надорад?
Таҳсилоти томактабӣ аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маорифи кишвар ба шумор меравад. Дар моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст: «Таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монда мешавад».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки ба зинаи аввали низоми маориф, яъне томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои томактабӣ хишти нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешавад». Дар баробари ин, чизи дигаре, ки дар инкишофи шахсияти кӯдакон нақши муҳим мебозад, варзиш аст. Собит шуда, ки варзиш гарави сиҳатӣ мебошад. Мутаассифона, дар деҳоти «Нофароҷ»-и шаҳри Истаравшан кӯдакистон ва майдончаи варзишӣ вуҷуд надорад. Ҷамоати деҳоти «Нофароҷ» аз 8 деҳа: Қадамҷо, Оби зулол, Нофароҷ, Даҳяки боло, Даҳяки поён, Кунҷок, Навобод ва Ширинчашма иборат буда, дар он 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Кӯдакони ҷамоат ҳар сол бе омодагии томактабӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мераванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 — 2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ (26-уми декабри соли 2019) роҳбарони навоҳӣ ва шаҳру вилоятҳоро муваззаф намуданд, то давоми даҳ соли оянда дар деҳа ва маҳаллаҳое, ки беш аз 100 хоҷагӣ доранд, муассисаи томактабӣ, толору майдони варзишӣ бунёд созанд. Аз дастури Пешвои миллат чор сол сипарӣ шуда бошад ҳам, дар ин самт дар деҳоти «Нофароҷ» кори чашмрас анҷом напазируфт. На кӯдакистон бунёд шуд ва на майдончаи варзишӣ. Ин дар ҳолест, ки танҳо дар деҳаи Оби зулол 430 оила зиндагӣ дорад. Дар бисёр шаҳру навоҳии кишвар ин мушкилро бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ҳал намуданд, ки дар натиҷа, ҳам гӯшае аз диёр обод гардид, ҳам барои кӯдакону наврасон шароити муфиди таълиму тарбия ва варзиш фароҳам омад. Чаро баҳри ҳалли мушкили зикршуда аз ин роҳу усул ҳам истифода нашуд?
Суолест, ки посухашро аз масъулин интизорем.
Шерзод КОМИЛӢ,
омӯзгори МТМУ №24-уми шаҳри Истаравшан