Дудмони ту куҷост?

№89 (4195) 23.07.2020

Ё посух ба бадкешони миллат

Марҳилаи ҷаҳонишавии кунунӣ рақобати ҳукумати электрониро ба ҳадде тезутунд гардонидааст, ки дар сархати он сомонаҳои иҷтимоии хориҷӣ қарор доранд. Дар муқовимати иттилоотӣ нисбат ба афроде, ки ҷониби миллату давлат санг меандозанд, ҳеҷ як нафари миллатдӯсту ватанпарвар ҳуқуқи маънавии сукут варзиданро надорад.

Аз ҳофизаи таърихи кӯҳан пора-пора сафҳаи зардшудаи сарнавишти талхи мозиро дармеовараму чун дуди таҳбатаҳ оташдор мепечам, раҳ мепӯям, бехабар аз он ки дармегирам, хомӯшона фарёдрас меҷӯям, то бигӯям, ки бо қудрати Кирдигор як ҳазору сад сол пас дар сарзамини тоҷикон боз насими истиқлол вазид. Истиқлоле, ки ҳазорсолаҳо орзумандаш будем. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате арзи ҳастӣ намуд: ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

Истиқлолияти давлатӣ таҷассуми заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки хусусияти умумимиллиро парвариш додаасту ҳамватанон дар симояш ҳомии забону фарҳанги аслиро дидаанд. Аз ин зовия дастуру ҳидоятҳои омӯзандаашро ба ҷон пазируфта, баҳри созандагиву бунёдкорӣ рӯзгори нав ба сар гирифтанд.

Нақши барҷастаи ин шахсияти таърихӣ дар он аст, ки муноқишаҳои дохилиро барҳам зада, сулҳу суботро дар ҷомеа таъмин намуданд. Ҳатто тоҷикони бурунмарзӣ ҳам ба атрофаш ҷамъ омада, бо муҳаббат Пешво хондандаш. Тарҳ ё «модел»-и нодири сулҳофарӣ барои мамолики ҷангзадаи дунё сабақомӯз шуд. Бозгардонии беш аз як миллион гурезаи фирорӣ дар тасаввур афсонае беш набуд.

Президент дар муҳите камол ёфтааст, ки аҳли хонадонаш ба қадри модари неъматҳо-Замин мерасанд. Аз ин рӯ, дар оғоз мардумро муттаҳид намуда, беш аз 75 ҳазор гектар заминро дар ихтиёрашон гузоштанд. Деҳқонон ба ивази ин некӣ аз ҳар ваҷаб замин оқилона истифода бурда, ҳар сол кишт мекарданд ва ҳосили фаровон мегирифтанд.

Солҳои баъдӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба мамолики хориҷи дуру наздик, дар маҷмӯъ, ба ҳазорҳо тонна расонида шуд. Бозорҳо аз навъи гуногуни маҳсулоти тару тоза ва мева фаровон гаштанд. Мутобиқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ азхудкунии заминҳои лалмӣ оғоз гардид ва деҳқонон аз иқдоми давлатдорон хушнуд гаштанд. Ҳамин тавр, дигаргуниҳои чашмраси иқтисодиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи оламиёнро сӯи диёр бештар намуд.

Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи аҳолии ҷумҳурӣ ба даҳ миллион расидааст ва талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ, дигар анвои зарурӣ торафт меафзояд. Аз ин хотир, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати болоравии дараҷаи некуаҳволии халқ роҳу воситаҳои нав ба навро ҷуста, барномаҳои озуқавориро роҳандозӣ менамояд.

Тарбияи мутахассисони соҳибкасб аз масоили умдаи рӯз маҳсуб мешавад. Татбиқи «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» заҳмати даҳсолаи коршиносонро дар бар мегирад. «Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», «Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консеп­сияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ба рушду нумӯи ҷомеа ва қабули консепсияҳои нав сабаб гардиданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 2,5 ҳазор мактаби замонавӣ бо тарҳи нав сохта, бо таҷҳизоти муосир таҷҳизонида, ба истифода дода шуд. Айни замон дар 40 донишгоҳи олӣ 220 000, дар хориҷи мамлакат беш аз 30 ҳазор нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, аз 23 мамлакати хориҷа 14 ҳазор донишҷӯ дар Тоҷикистон таҳсили илм менамоянд.

Баъди ба истифода додани ду чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» мамлакат аз буҳрони энергетикӣ раҳоӣ ёфт ва сатҳи зиндагии мардум боло рафт. Обанбори «Роғун» баробари мусоидат намудан ба рушди иқтисодиёти мамлакат, аҳамияти бузургеро барои кишварҳои ҳамсоя ва минтақа молик аст.

Паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба беҳбуд бахшидани рӯзгори сокинони диёр мусоидат карда, байни минтақаҳо пули устувори дӯстиву рафоқатро бунёд гузоштанд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бештари мамолики дунё шартномаҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи ҳамкориро ба имзо расонид. Акнун намояндагонаш дар ҳамоишу кунгураҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҷои ифтихор аст, ки Президенти мамлакат дар чандин ҷаласаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид раисӣ ва бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ карданд.

Бо вуҷуди ин ҳама пешравӣ, нафароне низ ёфт мешаванд, ки бо дурӯғу туҳмат мардумро гӯл мезананд ва ба роҳи хато равона кардан мехоҳанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода — Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» назари хешро аз вазъияти басо ҳассосу мураккабе, ки ҷаҳон зери таъсири бемории COVID-19 мондааст, баён дошта, баробари нақши боризи табибони ҳозиқ саҳми рӯзноманигоронро низ ҷиҳати аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ сари вақт паҳн кардани ахбори зарурӣ зикр менамояд. Дар баробари ин, изҳор медорад, ки «Аммо баъзе аз рӯзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои маълумотӣ ва блогерҳои алоҳида зукоми гузарандаро баҳона карда, ба ҷои шарҳи дурусти паҳншавии беморӣ ва пешгирии он дар ҷумҳурӣ бо ғаразҳои шахсӣ ба масъалаҳои сиёсӣ даст зада, муҳити орому осудаи кишварро бо ахбори бардурӯғ ва буҳтонҳои зиёд … халалдор карда истодаанд».

Ақрабнафасоне дар ҳавои созу савти бегона тинҷиву оромиши кишварро намехоҳанд. Масалан, хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои «Аврупои озод» фақат камбудӣ меҷӯянд. Як хонаи селзадаро ба намоиши видеоӣ мегузоранд ё «қаҳрамон»-еро меёбанд, ки аз ҳар ду дунё дасту дил шуста, «мудерн»-и замон шудааст! Ва ё аз тақдири як зане, ки ба иллати бемории рӯҳӣ худро оташ задааст, мегӯянду ҳангома меороянд. Ҳол он ки пизишкон дар ин бора хулосаи тиббӣ додаанд.

Хабарнигори «Озодӣ» ба сурати лӯлии талбанда рӯи роҳ нишаста, ба ояндагону равандагон дасти гадоӣ дароз мекунад ва ҳамин амали содалавҳонаро «тадқиқоти журналистӣ» унвон менамояд. Бо ин роҳ дороиву нодории мардуми тоҷикро муайян кардан мехоҳад.

Магар шумо ободгариҳои дар замони истиқлол баамаломадаро намебинед? Оё гурезогурез, фақру бенавоиву ғарибӣ ба дилатон назадааст? Ҳаводиси Сурияву Ироқу Фаластину Афғонистон ва дигар мамолики ҷанг­зада бароятон сабақ намешавад? Ин ҳангоматозиву иғвоангезӣ ба хотири чист? Чаро бар ивази «бале»-гӯиҳои хоҷагони бурунмарзӣ ва дарёфти пули муфт қалами муқаддасро қурбони фасод гардонидаед?

Воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ба қавли устод Айнӣ, барои миллати «сахтҷон» бояд сабақи якумрӣ шавад. Ёд дорем, ки думравони мансабталошу хурофотпараст, нимчамуллову «қориён»-и аз тафсири ­«Қуръон»-и Карим фарсахҳо дур аз минбари баҳманмоҳи хунини солҳои навадум чӣ гуна вазъ мегуфтанд.

Афроди бедори миллатҳои мутамаддин ба кайҳон рафта, тавассути омӯзиши таркиби ҷирмҳои осмонӣ дар сайёраи Миррих кашфиёти нодир -имкони эҳёи наботот — ҳаётро пешгӯӣ карда истодаанду уламои дину фаннӣ аз асорати ихтилофҳои мазҳабӣ, баҳси саллаву дастори кӯтоҳ, хаму рости ангушти ишоративу талаффузи арабии «валаззолин» бо «зод»-и «изғӣ», имлои «ӯ»-ву «ӣ»-и дароз бо «вов»-и маъдула берун наомадаанд.

Хабарнигори Радиои «Озодӣ» Шаҳлои Гулхоҷа, гӯё бо равиши нав бошад, — дар байн афкори ду тоҷикро ҳакамӣ мекунад. Кӣ намедонад, ки Кабирӣ — раиси ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, бо дастгирии хоҷагонаш фирорӣ гашта, бар зидди ҳамватанонаш дандон тез кардааст? Ӯ ҳатто дар посух ба суолҳои ҳамсуҳбаташ — Собир Валиев худро нороҳат ҳис мекунад.

Мусаллам аст, ки Кабирӣ дар ҷомеаи навини Тоҷикистон шахсият ва ё чеҳраи барҷастаи сиёсӣ ва фарҳангӣ набуд. Аксарияти наҳзатиён ба Муҳиддин ва ҳамтоёнаш эътиқод надоштанд. Иғвою дасиса, якдигарнофаҳмиву кашмакаш дар байни ҳизбиёни наҳзат ба ҳадде авҷ гирифта буд, ки коршиносони байналмилалӣ ташкилоти террористиву экстремистӣ унвонаш карданд. Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» даъвоҳои бепояи Кабириро ба пуррагӣ фош кардааст. Баромадҳои Нуриддин Ризоӣ дар барномаи «Висоли Ҳақ» бошад, зарбулмасали «кал додари кӯр»-ро мемонад.

Аслан эътироз ё ҳамоишороӣ дар доираи қонунҳои амалкунанда дар мулки бегона сурат намегирад. Зеро мушкилоти ҳар як миллатро роҳбарони ҳамон Давлату Ҳукумат ҳаллу фасл мекунанд. Вале сангандозон ҳамин амали разилонаро «демократия» унвон кардаанд. Моҳияти демокра­тия-«ҳокимияти халқ» тамоман дигар аст.

Як бор муборизаи ҳақталошонаи Спитамени диловар бо Искандари Макдуниву сипоҳиёнашро ба ёд биёред, ки чӣ миқдор мардону занони суғдӣ ба қатл расида буданд. Тактикаи ҷангӣ ва зиракии сиёсии Спитамен нагузошт, ки душман дар Ватани ӯ ҳукмраво бошад. Бале, ҷон бохт, вале ба душман таслим нашуд.

Магар аз қаҳрамониҳои Темурмаликро алайҳи муғулҳо дар Хуҷанди бостон, ки 12 киштии бодбондор сохта, ба болову паҳлуи киштиҳо чанд қабат намад кашида, бо гил андова карда, аз бар дарича гузошта, бо ин роҳ дар ҷангҳои пуршиддат муғулҳои бешумореро кушта, калонтарин шаҳри поёноби рӯди Сир — Ёникентро аз чанголи аҷнабитаборон озод намуда буд, фаромуш кардед.

Матонати ӯро устод Садиддин Айнӣ дар очерки таърихии «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» ба қалам дода, ҷое ёдовар шудааст, ки гоҳи ба хок супоридани қаҳрамон аз миёнбанди ӯ халтача ёфтанд, ки як каф хок дошт, бо порчаи коғаз ва ин навишта: «Эй он, ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва аз ватандӯстон бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории ватани азизи ман аст!»

Шумо магар аз ёд бурдед инқилобҳои фарҳангии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва Ҳаким Умари Хайёмро, ки то кунун аҳли олам аз файзи таҳқиқоти судманди онҳо баҳра мебаранд? Волидони покназари фозилон тоҷик буданд, яъне аз шаҷараи мову шумо. Бемуҳобо, ҳамин нобиғаҳо дар сухангустарӣ шабеҳи файласуфони Юнони қадим, аз қабили Суқрот, Афлотун, Арастуянд, ки ба масоили инсон, рӯҳ, тафаккур, идеяҳо, тан ва нафс эътибори ҳамаҷониба дода, назарияи маърифатро пеш мегузоранд.

Доктори илмҳои фалсафа Саид Нуриддин Саид бо ифтихор мегӯяд, ки тоҷикон дар масири таърих худро мардуми шарафманд, соҳибэъҷозу тамаддунсоз, бонангу ор ва бекинаву беозор муаррифӣ кардаанд. Ӯ бо таассуф аз истилои арабу чингизу муғул то исёнгариҳои Хева ёд меоварад. Ҳамчунин, меафзояд, ки тоҷикон дар ягон аср барои ғасби марзу буми бегона талош накарданд. Бо рақибон созиш намуда, гуноҳашонро мебахшиданд, ҳатто дар айни тангдастӣ ёрмандиашон мекарданд. Бале, ин моем, ки гапу калочаҳоро гӯё намешунавем, ба дил кина намегирем. Ин моем, ки ҳамаро бо чашми дил дида, бо ақли кулл пазиро мешавем. Моем, ки рӯзи сахтиву нотавонӣ аз раҳи савобу имондорӣ душманро бо нону намак дар кулбаи хеш ҷой медиҳем.

Дар ин замони пурталотуми ҷаҳонишавӣ таб­лиғгарони давлатҳои абар­қудрат намегузоранд, ки сӯи чеҳраҳои сиёсӣ ё давлаташон аз берун ҳарфи беҷо бигӯянд. Агар гуфтанд, дарзамон раддия пеш меоваранд. Аммо дар муҳити мо акси ин манзара ҳукмрон аст. Аз чаҳор сӯ бар сарамон санги маломат меборад, вале ҳамоно дар ҳукми сукутем.

Устоди зиндаёд Бозор Собир қаб­лан гӯиё ин амалҳои разилонаи гумроҳони миллатро саропо эҳсос намуда, ба дифои Сармеъмори сулҳу ваҳдати миллӣ бархоста буд:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи  Қасри миллат!

Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,

адиб