Ба муовини раиси ноҳияи Файзобод Махфират Рашидзода ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Раъно Давлатзода изҳор кардам, ки мехоҳам бо ягон зан-модари рӯзгордида мусоҳиба анҷом диҳам.
Ҳар ду якбора гуфтанд: бо Нозукой Шоазизова — яке аз занони номдори ноҳия вохӯред.
Шояд, имрӯз аз байни насли миёнасоли ноҳияи Файзобод кам нафароне ёфт шаванд, ки Нозукой Шоазизоваро нашиносанд. Ин бонуи кордону заҳматпеша тайи бист сол ба ҳайси муовин ва муовини аввали раиси ноҳияи Файзобод фаъолият дошт. Чӣ дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ва чӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон қаҳрамони матлаб ин вазифаи пурмасъулиятро сарбаландона иҷро кард. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва роҳбарӣ дошт. Ашхоси куҳансоли огоҳ аз рӯзгору аҳли байташ доимо тавсиф мекарданд: «Духтари раис чустучолоку боғайрат аст».
Воқеан ҳам, падари Нозукой Дӯстмурод Шоазизов солҳои 1937-1938, ки давраи вазнинтарини вазъи сиёсию иқтисодии Иттиҳоди Шуравӣ ба шумор мерафт, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Файзобод буд. Ноҳияи Файзобод он вақт навташкил буд, тамоми корҳои ободонию пешрафти ноҳияро аз кордонию ташкилотчигии раиси комиҷроия Дӯстмурод Шоазизов медонистанд.
Ана ҳамон хислатҳои накуи падар буд, ки Нозукой ҳам дар пешрафту ободонии ноҳия саҳм гузоштанро барои худ вазифаи аввалиндараҷа медонист. Маҳз, самараи талошҳои ӯ буд, ки Боғи фарҳангу фароғатии «40-солагии Ғалаба»-и маркази ноҳия (ҳоло ба номи Бозор Собир), даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ бунёд гардиданд. Мавсуф дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барои ҳалли масъалаҳои зарурӣ баҳри пешрафти ноҳия пайваста ба назди вазиру роҳбарони идораҳои марказӣ даромада, ҳар дафъа муваффақ мегардид.
Фаъолияти меҳнатии Нозукой Шоазизова, баъд аз хатми Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, аз вазифаи иқтисодчии колхози «Октябр» (ҳоло деҳоти «Меҳробод») оғоз ёфта, сипас муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Гумбулоқ» (ҳоло Ҷамоати деҳоти «Меҳробод»), мушовири Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Файзобод ва то 2000-ум муовин ва муовини якуми раиси ноҳияи Файзободро ба дӯш дошт. Аз соли 2000-ум то нафақа ҳамчун сардори филиали ҶСК «Агроинвестбонк» фаъолият намуд. Барои меҳнати софдилонааш соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ шудааст. Айни ҳол собиқадори аҳамияти ҷумҳуриявидошта буда, дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»