Ба Думаи давлатӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Россия пешниҳод шуд, ки барои мусоидат ва иҷрои таҳримҳои кишварҳои хориҷ дар ҳудуди Россия ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад. Лоиҳа дар сомонаи Думаи давлатӣ нашр гаштааст.
Бар пояи лоиҳаи зикршуда ширкатҳое, ки аз ҳамкорӣ ё бастани қарордод бо ширкатҳои русӣ дар асоси «таҳримҳои зиддироссиягӣ» худдорӣ мекунанд, то 600 ҳазор рубл ҷарима ва ё масъулони онҳо то чор сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, муаллифони лоиҳа пешниҳод кардаанд, барои додани маълумот ё тавсияҳое, ки «ба ҷорӣ гаштани чораҳои маҳдудкунанда зидди субъектҳои хусусиву оммавии Россия ва шахсони зертобеи онҳо сабабгор шудаанд ё метавонанд шаванд» ҷарима то 500 ҳазор рубл ё ҷалб ба корҳои иҷборӣ пешбинӣ шавад.
Лоиҳаро раисони ҳар ду палатаи парлумон, роҳбарони чор ҳизб ва муовинони раиси Думаи давлатии Россия пешниҳод кардаанд. Лоиҳаи қонуни «зидди таҳримҳои ИМА» низ дар баррасии Думаи давлатии Россия қарор дорад. Он андешидани чораҳои ҷавобиро дар робита ба «амалҳои ғайридӯстонаи ИМА» ва таҳримҳои ахири Вашингтон пешбинӣ мекунад. ИМА ахиран зидди чанд ширкати русӣ, тоҷирону мансабдорони наздик ба Кремл таҳрим ҷорӣ кард.
«Садои мардум»