Ҳуснигул Саломова, сокини деҳаи Сӯфиёни деҳоти ба номи Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат баҳори садумини умрро истиқбол кард.
Вай бо ҳамсараш Исматулло ҳаёти хоксорона доштанд ва ҳар ду дар колхози «Партсъезд» — и ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) умр ба сар мебурданд. Ҳуснигул колхозчӣ ва Исматулло дар фермаи хоҷагӣ подабон буд. Онҳо соҳиби 13 фарзанд шуданд ва Ҳуснигул бо унвони «Қаҳрамонмодар» сарфароз гардонида шуд. Ҳар ду бо меҳнати ҳалол фарзандонро тарбия карда, ба воя расониданд. Соли 1994 Исматулло дар синни 63 вафот кард. Бибии Ҳуснигул теъдоди набераҳояшро беш аз 60 ва абераҳояшро аз 50 нафар зиёд мегӯяд. Фарзанди калонии ӯ Хатичамоҳ ба синни 63 расидааст.
Дар арафаи Рӯзи Модар ба аёдати Ҳуснигул Саломова рафтам.
- Дар зиндагӣ бояд некният буд, хислатҳои неки инсониро бояд касб кард. Дар урфият ҳам мегӯянд, ки «ҳар кас аз нияташ мебарад». Ман дар зиндагӣ бисёр чизҳоро дидам. Зиндагӣ хушбахтиҳо дорад ва мушкилот низ. Дар ҳолате ки ба сари кас мушкиле меояд, сабр кардан лозим. Аз он хушҳолам, ки фарзандон, набераю аберагонам дар замони тинҷию амонӣ умр ба сар мебаранд. Худо кунад, ки ҳамин тинҷию амонӣ бардавом ва мардум осудаҳол бошанд.
Марҷонаи ЮСУФ,
«Садои мардум»