Ман 91-ум соли нави умрамро пешвоз мегирам. Худоро шукр, ки умри дарозу пурбаракат дидам. Давоми солҳои ҷавонӣ то ба пирӣ расидан дар хоҷагӣ, мактаб ва дигар корҳо софдилонаву хоксорона меҳнат кардам, хизмати Ватанро ба ҷой овардам, оиладор ва соҳиби ҳафт писар ва ду духтар шудам. Имрӯз ифтихор дорам, ки фарзандонам ҳама соҳиби касбу кор, маълумот ва хонаю дари ободанд ва дар ҷамъият фаъолона кор мекунанд. Ман шахси бадавлатам, соҳиби 50 набера ва 69 абера ҳастам. Ду бор хонаи Худоро зиёрат кардам.
Ҳоло, ки ба камоли пирӣ расидам ва дар ҳалқаи фарзандону наберагон ва абераҳоям рӯзгори осуда дорам, Офаридгорро ҳазорон бор шукр мегӯям. Имрӯзҳо хушҳолиям боз дучанд гаштааст. Шунидам, ки Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат эълон кардаанд, вакилони мо дар ин бора қонуни мукаммал қабул намуданд. Бисёр кори хуб ва саривақтӣ аст. Ин шахс арзандаи ҳама гуна унвонҳои баланданд, зеро ба шарофати ин марди ҷасуру оқил нобасомониҳои дар аввали солҳои навадуми асри гузашта ба амаломада хотима ёфтанд, сулҳу тинҷӣ дар мамлакатамон ҷорӣ гардид. Тоҷикистони азизамон ба шарофати роҳбарии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон рӯз то рӯз ободу зебо гашта истодааст.
Мани мӯйсафеди 91- сола дилпурам, ки фарзандону наберагону аберагонам дар чунин давлати мунтазам рушдёбанда зиндагӣ мекунанду ояндаашон дурахшон аст. Дар оғози соли нави мелодии 2016 даст ба дуо бардошта, таманно мекунам, ки Худованд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар паноҳи раҳматаш нигоҳ дорад, оромиву тинҷӣ дар Тоҷикистони мо бардавом бошад, халқи сарбаланди тоҷик ва тоҷикистониён қуллаҳои боз ҳам баландтарро кашф кунанд.
Султон Алӣ Холбобоев, сокини шаҳри Турсунзода