Мақоли халқист, ки сухани хуш морро аз лонааш берун мебарорад. Бо сухани хуш, ваъдаҳои бардурӯғ касони зудбоварро фиреб кардан мумкин аст.
Баррасии парвандаи шаҳрванд Раъно Раҷабова дар суд маълум кард, ки ӯ дар фиреби шахсони содалавҳ собиқаи зиёде доштааст. Якбора ӯ на танҳо як, балки чанд нафарро фиреб дода, ба онҳо зарари калони моддӣ расондааст.
Раъно Раҷабова муваққатан бекор, қаблан доғи судӣ гирифтааст. Бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Раъно Раҷабова бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳашт сол татбиқ гашта буд. Бо таъиноти суд 3 декабри соли 2013 бинобар талофӣ шудани зарар ба ҷабрдидагон ҷазои ҷарима ба маблағи 14600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 58.400 сомонӣ) ба фоидаи давлат таъин шуда буд. Бо сабаби насупурдани ҷарима ба фоидаи давлат бо таъиноти маҷлиси судии Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 18 июни соли 2014 нисбати Раъно Раҷабова кофтуков эълон шуда, қисми напардохтаи ҷазои ҷаримаи ба ӯ таъиншуда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ҳафт солу ду моҳ иваз карда мешавад.
Раъно Раҷабова дар ҳолати ретсидиви хавфнок қарор дошта, бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 10 марти соли 2015 бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ ҷазо ба муҳлати даҳ сол маҳрум намудан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии низомашон умумӣ таъин мешавад. Мутобиқи талаботи банди 2, моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» (аз 29 октябри соли 2014) муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Раъно Раҷабова аз се як ҳисса кам карда шудааст.
Раъно Раҷабова аз ин ҳукми марҳилаи якуми суд розӣ набуда, ба Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ кардааст.
Суди марҳилаи якум Раъно Раҷабоваро барои он гунаҳкор дониста ҳукм баровардааст, ки ӯ бо мақсади қаллобӣ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ ба шаҳрвандон зарари калони моддӣ расонидааст. Чунончӣ, бо баҳонаи ба тиҷорат машғул шудан ба боварии Рофеъҷон Баҳриддинов даромада, давоми солҳои 2008-2010 маблағи 80 ҳазор сомониро мегирад. Ба ӯ ваъда медиҳад, ки баъди дар бозори «Султони Кабир» кушодани мағозаи масолеҳи сохтмонӣ маблағро бармегардонад, аммо ин маблағро бебозгашт аз худ менамояд.
Ба ҷабрдидаи навбатӣ Ҷамшед Назаров бошад, Раъно Раҷабова барои харидани хонаи истиқоматӣ нақши миёнаравро иҷро мекунад. Бо ваъдаи дарёфт намудани хонаи арзон ӯ давоми солҳои 2011-2012 аз Ҷамшед Назаров ҷамъ 43 ҳазор доллари ИМА мегирад. Маротибаи сеюм бошад, бо баҳонаи «харидан»-и вазифаи котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва оянда ӯро ронандаи худ таъин намудан, аз Ҷамшед Назаров 18 ҳазор доллари ИМА мегирад. Ӯ, ки ҳама ваъдаҳояш ҷуз фиреб чизи дигар набуданд, ба номбурда ба маблағи умумии 61 ҳазор доллари ИМА зарар расонидааст.
Бо чунин ваъдаҳои бардурӯғ марҳум Зокир Қобилов ва Қувваталӣ Назаровро ба доми фиреб кашида, мутаносибан 85 ҳазор ва 10 ҳазор доллари ИМА-ро гирифта, ҳеҷ ҳоҷати онҳоро қонеъ намекунад.
Маҳкумшуда Раъно Раҷабова ба ҳукми мазкур розӣ набуда, дар шикояти кассатсионӣ хоҳиш намудааст, ки ҳукми суд нисбаташ тағйир дода, ҷазои одилона таъин карда шавад. Дар аризааш менависад, ки ӯ маблағҳои зикршударо нагирифтааст. Он забонхатҳоро дар натиҷаи таҳдиду фишори ҷабрдидагон навиштааст. Баъдан, аз Ҷамшед Назаров умуман қарздор нест. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе маводи парвандаи ҷиноятиро омӯхта, ваҷҳҳои шикояти кассатсиониро мавриди санҷиш қарор дод.
Рафти санҷиш дар асоси нишондоди ҷабрдидагон, шоҳидон, протоколи рӯбарӯкунии Раъно Раҷабова бо ҷабрдидагон, нусхаи забонхатҳои додаи ӯ ва дигар далел маълум намуд, ки шикояти овардаи маҳкумшуда эътимоднок нест.
Ҳамин тариқ, коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе ҳукми марҳилаи якуми судиро нисбати Раъно Раҷабова асоснок ва қонунӣ ҳисобида, барои бекор, тағйир додани он ва қонеъ гардонидани шикояти кассатсионӣ асосҳои кофиро дарёфт накард.
Дар таҷрибаи судӣ баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба қаллобӣ зиёданд. Барои ба даст овардани даромади муфт қаллобон аз фиребу найранг устокорона истифода мебаранд. Мутаассифона, дар ин миён занон низ кам нестанд.
Мухтор ИСОЕВ, судяи Суди шаҳри Душанбе