Имсол барои шаҳри Душанбе соли хос аст. Соле, ки сокинони мамлакат ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд, шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии «Иттиҳод – 2021» эълон гардид. 21 марти соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» баргузор гардид. Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» суханронӣ намуда, шаҳодатномаи эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021»- ро ба Раиси шаҳри Душанбе супориданд.
Мавриди зикр аст, ки Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» яке аз лоиҳаҳои калидии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таҳкими равобити фарҳангии давлатҳои мазкур дар доираи эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» чорабиниҳои гуногун доир мешаванд. Ободонӣ вусъати тоза пайдо карда, симои пойтахти кишвар соат ба соат дигаргун мегардад. Рӯзе нест, ки дар Душанбе коргоҳ, марказҳои савдою тиҷорат, боғу гулгашт ва ё бинои баландошёна мавриди истифода қарор нагирад.
Ба шарофати муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хусуси ба «Шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе садо дод, шинонидани гулу дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ вусъат ёфт. Аҳолии пойтахти мамлакат ин муроҷиатро якдилона дастгирӣ карда, дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо, муташаккилона ниҳол шинониданд. Дар як моҳи оғози мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ, зиёда аз 53 ҳазор дарахти гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Айни ҳол дар шаҳри Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, 37 меҳмонхона, 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор, 91 маркази савдо, 26 мағозаи фурӯши армуғон, 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 3 кохи фарҳанг ва 7 театри касбӣ, 10 осорхона, 6 китобхона, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳои гуногун дар 37 мавзеи пойтахт, 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ва 900 иншооти варзишии таъиноташ гуногун ба сокинон ва ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд. Ҳусни рӯзафзуни пойтахти кишвар, ободонию бунёдкориҳо эҷодкоронро ба илҳом овардааст ва онҳо Душанберо дар шеъру таронаҳо, лавҳаю мақола ва китобҳои алоҳида тавсиф мекунанд. Тоҷиддин Саидзода, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар мақолааш «Душанбе — пойтахти бахти миллат», аз ҷумла, зикр кардааст: «Шаҳри Душанбе оинаи таъриху тамаддуни миллат ва пойтахти кишвари ҳамешабаҳор аст, ки дар асоси иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии сарвари ҷавону бунёдкор муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар зарфи се соли охир симои он ба куллӣ тағйир ёфт. Маҳз завқи баланди кордонӣ, эҷодкорӣ, андӯхтани таҷрибаи кишварҳои мутамаддин, маҳорати шоистаи роҳбарӣ, ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, нигоҳи шаҳрофар ва иқдоми бузурги бунёдкориву созандагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки се сол боз дар пойтахти кишвар раванди ободиву навсозиҳо рушд менамояд. Пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдоди муқаррарӣ табдил меёбад ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконнопазир аст».
Ба қавли Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода: «Зикри корҳое, ки ҳамин шабу рӯз Рустами Эмомалӣ ба сифати Раиси шаҳри Душанбе ба анҷом расонидааст, кифоят ба як нигошта, мақола ва маърӯза набуда, ҳатто як китоб низ басандаи тасвиру инъикоси бунёдкориҳои ӯ нест. Зеро аз ҳар як зовияе, ки ба пойтахти давлатамон нигоҳ намоем, дигаргунӣ, ободӣ, шукуфоӣ ва пешрафти куллиро шоҳид мешавем».
Воқеан, ҳоло ҳар як сокини шаҳри Душанбе ва аҳолии Тоҷикистон аз чунин пойтахти ободу гул-гулшукуфон меболанд ва ифтихор аз он доранд, ки шуҳрату маҳбубияти Ватан ва пойтахти он дар миқёси ҷаҳон мунтазам меафзояд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»