Дурнамои истеҳсоли пахта таъмин шуд

№125 (4708) 16.10.2023

cd6c1781459281ce8c423cc7ce647db2Кишоварзони шаҳри Левакант яке аз аввалинҳо шуда дар сатҳи ҷумҳурӣ нақшаи дурнамои истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро намуданд.

Ба иттилои муовини аввали раиси шаҳри Левакант Неъматулло Кабирзода, то 5-уми октябри соли равон пахтакорон ба андозаи 2426 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуда, ба нуқтаҳои қабул супориданд, ки 100,6 фоизи дурнаморо дар бар мегирад.

Айни замон ҳосил дар саҳро фаровон буда, хоҷагидорон азм доранд то кураки охирин онро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

- Соли ҷорӣ дар шаҳри Левакант дар майдони 1030 гектар чигит кишт карда шуд ва дар натиҷаи риояи дурусти корҳои агротехникӣ пахтакорон ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд, — гуфт Н. Кабирзода.

Мавриди зикр аст, ки чанд соли охир кишоварзони шаҳри Левакант нақшаи ҷамъоварии пахтаро дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда иҷро менамоянд ва минбаъд низ ин иқдомро идома хоҳанд дод.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»