Дурнамои рушди илму маориф

№ 07.01.2025

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тарғиб ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ироа гардид, вусъат ёфта истодааст.

Санаи 5 январ дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан  бо иштироки зиёда аз 300 нафар корманди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аҳли илму адаб, собиқадорони меҳнат ва ҷавонон вохӯрии судманд доир гардид.

Онро раиси шаҳр Атҳам Маъмурзода ифтитоҳ  намуда, афзуд, ки “Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои тамоми сокинон маҳсуб меёбад”.

Дар чорабинӣ чанде фаъолон аз соҳаҳои иқтисодиёт, маориф, ҷавонон, занон ва ҲХДТ суханронӣ намуда, нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд. Худи ҳамон рӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — дурнамои рушди илму маориф» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд. 

- Нақши калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои стратегии рушди ҷумҳурӣ буда, татбиқи дастурҳои Сарвари давлат дар самти таҳкими низоми маориф ва рушди иқтисоди рақамӣ вазифаи муҳимест, ки бояд бо масъулияти баланд амалӣ шаванд,- баён дошт ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои таърих Аюб Усмонзода.

- Яке аз паҳлуҳои муҳимтарин дар Паёми Президенти мамлакат эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” мебошад,- гуфт доктори илмҳои иқтисод Ҷамшед Алиҷонов.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

“Садои мардум”