Душанбе. 17 гузаргоҳ аз байн бардошта шуд

№№11 (4907) 24.01.2025

8a1a3606-46b5-4404-a0bc-42bbdb937f0f_cx0_cy15_cw0_w1200_r1Дар шаҳри Душанбе бо мақсади танзими ҳаракати нақлиёт ва пешгирии танбашавӣ дар роҳҳо 17 гузаргоҳҳои пиёдагардон аз байн бардошта шуд.

Тибқи иттилои раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ин гузаргоҳҳо ба ҳам наздик буда, ба қобилияти гузариши роҳҳои автомобилгард таъсири манфӣ мерасонданд. Санҷиши мутахассисон нишон дод, ки ҷойгиршавии гузаргоҳҳо ба меъёрҳои муқарраршуда мувофиқат намекунад.

Бо супориши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мутахассисон ин гузаргоҳҳоро аз байн бардоштанд. Корҳо дар доираи барномаи беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётии шаҳр, ки барои ронандагон ва пиёдагардон шароити бехатар ва осонтарро фароҳам меорад, идома хоҳанд ёфт.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»