Душанбе ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ омодагӣ мегирад

№149 (4099) 12.12.2019

Rustami-Emomali-1-3Рӯзи душанбеи гузашта мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Иҷлосияи ғайринавбатии бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он раиси шаҳри Душанбе, муовинони ӯ, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони дастгоҳу сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳр, муассисаву корхонаҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Ichlosiyai-shahri-Dushanbe-1Ҳамин тариқ, пас аз интихоби котибот ва ҳайати таҳририя, бо дарназардошти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» рӯзномаи иҷлосия тасдиқ гардида, ба он масъалаҳо дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

Баъди баррасии масъалаҳо Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 70 адад муқаррар карда шавад.

Ҳамчунин, бо пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки иҷлосия таҳти раёсати ӯ сурат гирифт, комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳайати 9 нафар таъсис ёфт.

Дар хотима, раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи вакилони халқ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани интихобот ва таъмини тартибот, амният ва бехатарии шаҳрвандон ҷалб намуда, инчунин, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳо қабул гардиданд.

Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

«Садои мардум»