17 апрел - Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Душанбе дар масири созандагиҳо

№49-50 (4311-4312) 17.04.2021

ДушанбеПӯшида нест, ки фарҳангу маърифати волои ҳар як қавму миллат аз сатҳу сифати шаҳрдориву пойтахти он баҳогузорӣ мешавад. Боз­ёфтҳои археологӣ ва маъхазҳои таърихӣ гувоҳанд, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз асрҳои 3 — 4 то милод, замони аҳди Кӯшониён, арзи ҳастӣ кардааст. Пойтахти кунунии Тоҷикистон мутобиқи маълумоти таърихӣ аз деҳаи хурд оғоз меёбад. Дар ин макон ҳар рӯзи душанбе аз гирду атроф савдогарону тоҷирон ҷамъ омада, бозори маҳсулоти ниёзи аввалияи мардумро ташкил мекарданд. Тавре аз маъхазҳо бармеояд, бори нахуст номи рустои Душанбе соли 1676 зикр шудааст. Ҳамин тариқ, бо такя ба асноду далелҳои мавҷуда, шаҳри Душанбе соли 1924 ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон эълон гардид.

Тавзеҳи сухани муқаддимотӣ ин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикис­тон дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар имтиҳони сангини таърихӣ, яъне ҷанги нангину шаҳрвандиро пушти сар карда, хушбахтона, бо заҳматҳои содиқона сарзамини аҷдодиро ободу пешрафта гардониданд. Ҳарчанд афзалиятҳои иқтисодии кишвар дар даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ хеле камтару маҳдудтар буд, раванди навсозию бунёдкорӣ тадриҷан вусъат ёфт. Маҳз ҳамин масъулияту ифтихор ва нангу номуси миллии мардум буд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – оинаи тамомнамои кишвар, умедгоҳи тоҷикону тоҷикистониён, пойтахти ҷаҳонии об ва шаҳри дӯстию бародаршаҳр бо 18 шаҳри ҷаҳон шинохта шуд.

Душанбе — гаҳвораи тамаддуни миллат

«Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад».

Ин дурдонагуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии баҳогузории шинохти арзишҳои баланди таърихи деринаи миллат буда, ба раванди афзун бахшидани тадбирҳои нав ба нави созандагию ба шинохти умедсаройи тоҷикони ҷаҳон – шаҳри Душанбе ҳидоят месозад.

Боис ба ифтихор аст, ки шаҳри Душанбе дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ симояшро комилан дигар намуда, ба сифати яке аз шаҳрҳои рӯ ба инкишоф мавқеъ ва нуфузро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон рӯз аз рӯз устувортару намоёнтар гардонида истодааст. Инчунин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки солҳои 2017 — 2021 пойтахти кишвар мизбони якчанд ҳамоиши байналмилалӣ, конфронсҳои сатҳи баланди созмонҳои бонуфуз буд.

Неруи тавоно ва фитрати устувори ҷавонӣ

12 — уми январи соли 2017 дар таърихи шаҳри Душанбе рӯйдоди муҳиму хотирмон ба вуқӯъ пайваст, ки аз самараи он пойтахти кишвар ба дигаргуниҳои навину созандагиҳо рӯ ба рӯ гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рустами ­Эмомалӣ ҳамчун роҳбари ҷавонтарин бори нахуст дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон ба сифати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъин гардида, давоми фаъолият ҳамчун шаҳрдори ҷавон ва Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тавассути фаъолияти босамару заҳматҳои аҳлонаи сокинони сарбаланд ба дастовардҳои беназир ноил гардид.

Талошҳои шабонарӯзии шаҳрдори ҷавон бори дигар бовариву эътимоду эътиқоди Пешвои миллатро ба ҷавонон дучанд гардонид ва ҳамин заҳматҳо ва корҳои ободониву созандагиҳо буд, ки соли сипаригардида дар таърихи давлат боз як таҳавуллоти бузурги таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Он интихоби шаҳрдори ҷавон ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ин самт низ, давоми як соли сипаригардида Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ кори зиёдро ба сомон расонида, баҳри рушду нумӯи иқтисодиёти мамлакат ва ба зиндагии шоиста расидани мардуми шарифи Тоҷикистон як қатор қарору қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Ҳамин тариқ, ӯ ҳамчун ҷавони донишманду соҳибкасб ва бомаърифату инсондӯст дар ин давра барои ба фаъолият шурӯъ намудани даҳҳо иншооти иҷтимоию маишӣ, аз қабили мактабу кӯдакистон, муассисаҳои гуногуни тиббию танду­рустӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва гузоштани санги асос ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ саҳми арзанда гузошта, ҷавҳари асосӣ, кафолату нишони возеҳи рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони пойтахт гардида, дар умқи дили сокинони кишвар мақоми хос пайдо кардааст.

Дар ҳақиқат, аз иродаву матонат ва малакаву фитрати устувори шаҳрдори ҷавон метавон хулоса баровард, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри боз ҳам баланд бардоштани нуфузу мартабаи пойтахт тавассути иқдоми созандааш тадбирҳои зарурӣ андешида, шароити мусоиди зистро барои сокинон фароҳам хоҳад овард.

Тарҳу навгониҳои аввал ва иҷрои ташаббусҳои созанда

Аввалин рӯйдоди хотирмоне, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахт соли 2017 ба амал омад, дар раддабандии шаҳрҳои аз нигоҳи туризми ояндадор ҷойи аввалро соҳиб шудани шаҳри Душанбе буд. Ин назарсанҷиро маҷаллаи сайёҳии «34travel» бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоии «Mastercard» таҳия кард.

Болотар аз ҳама, падидаи дигари фараҳбахше, ки соли 2017 боиси хушҳолии на танҳо сокинони шаҳри Душанбе, балки мардуми шарифи Тоҷикистон гардид, пайвастани хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмуриву маишӣ ба шабакаҳои гармидиҳии пойтахт мебошад. Чунин иқдоми ҷавонмардона боис ба сарфа гардидани неруи барқ шуда, омили муҳими аз миён бардоштани маҳдудияти неруи барқ гардид.

Инчунин, ба фаъолият шурӯъ намудани мактаби байналмилалии Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ дар пойтахти мамлакат қадами нахустин дар самти сифати таҳсилоти зинаи миёнаи умумии таълим буда, нуфузу мартабаи ҷаҳонии маорифи миллиро рангинтару устувортар намуд. Илова бар ин, маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» — аквапарк ё парки обӣ, ки 19-уми июни соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд, аз калонтарин парки обии муосир дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Мушкилии нақлиёти ҷамъиятӣ ва хизматрасонӣ ба сокинон, ки яке аз дардҳои куҳнаи соҳа ба ҳисоб мерафт, дар пайи иҷрои як қатор тадбирҳои иловагӣ ҳал гардид. Аз ҷумла, ворид намудани автобусҳои хуштарҳу замонавии навъи «АКИА» ва ифтитоҳи корхонаи автобус­созиро дар пойтахти кишвар метавон намунаи возеҳи таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр нисбат ба соҳа номид.

Дар ин замина, 21-уми июли соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими рӯнамоии лоиҳаи намунавии «Корти шаҳрӣ»-и пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар доир гардид. Лоиҳаи низоми автоматии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрро мутахассисони ширкати «IBA-Group»-и Ҷумҳурии Беларус тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электрониро дар ҳамоҳангӣ ва шарикии давлат бо бахши хусусии ватанӣ анҷом доданд.

Гузаштан ба шакли электронии пардохт, пеш аз ҳама, барои мусофирон аз лиҳози сарфакорӣ муфид буда, ба баланд бардоштани сатҳ ва фарҳанги хизматрасонии мусофирон, ҷорӣ намудани хизматрасонии иловагӣ ва ҳамгироӣ бо дигар намуди воситаҳои нақлиёт, васеъ кардани сатҳи пардохт тавассути маблағҳои ғайринақдӣ, афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт дар асоси омӯзиши эҳтиёҷоти мусофирон ва кам кардани шумораи мусофирони бероҳкиро дар воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, 25-уми августи соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳр рӯнамоӣ гардид, ки он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ» — и шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ бо дарназардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа, аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумоти хатсайрҳо ва дорои ҷойгоҳи махсуси таблиғотӣ иборат мебошад.

Соли 2018 пойтахти Тоҷикис­тон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид, ки ин муждаи фараҳбахшро 19 — уми апрели соли 2018 Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия дар асоси натиҷаҳои ҳамапурсӣ интишор кард.

6 — уми сентябри соли 2018 бори нахуст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ­навъи душвор ва экстремалии варзиш — флайборд баргузор гардид, ки қадами нахустин ба ҳисоб мерафт.

Боиси зикр аст, ки дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7-ум то 9-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Табиист, ки чунин дастовардҳои арзишманд дар татбиқи босамари эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нақши намоён гузошта, азамату эътибори фарҳанги шаҳрдориро боз ҳам болотару зиёдтар нишон хоҳад дод.

Меъморию шаҳрсозӣ — шинохти санъати асил

Масъулияти фарзандиву шаҳрвандии сокинони сарбаланди пойтахт, алалхусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст, ки ҳоло пойтахти Тоҷикистон ба шаҳри зебову дилоро табдил ёфтааст. Мутобиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии он аз 12,7 ҳазор гектари мавҷуда то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.

Солҳои 2019 – 2021, ки ба истиқболи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъиноти гуногун, амсоли биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мегарданд. Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки дар кӯчаи Айнӣ дар ду соли оянда, беш аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои зиёда аз 25 ҳазор нафар аҳолӣ ба истифода дода мешавад. Бояд гуфт, ки ин биноҳои муосири замонавӣ аз 12 ошёна боло буда, дар назди онҳо майдончаҳои варзишӣ, мактабу боғчаҳои бачагона, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст. Дар маҳаллаи «Ҳаёти нав» биноҳои аз ҳама баландтарини пойтахт бунёд хоҳанд гашт. Иншооти зикршуда дар раванди татбиқи марҳилаи аввал (то соли 2025) ва оғози марҳилаи дуюми Нақшаи генералии шаҳри Душанбе (то соли 2040) сохта мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Боғи «Истиқлолият» бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Он бо рамзи «Тоҷ», ки аз ҷониби гурӯҳи эҷодии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси он таҳия шуд, бо бартариҳои афзалиятдор — ифодакунандаи талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таърих ва тамаддуни оламшумули миллати тоҷикон сазовори ҷойи якум гашт.

Баландии умумии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнӣ 30 метр ва қисми болоии он 91 ­метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии боғи «Истиқлолият» бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» 30 гектарро фаро гирифта, дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт сохта шуда истодааст.

Айни замон, дар марҳилаи якуми корҳои сохтмонии «Майдони истиқлол» корҳои бартарафкунии 283 адад иншоот пурра ба анҷом расида, дар марҳилаи дуюм корҳо, тибқи лоиҳа, бомаром идома дошта, тибқи нақшаҳои тасдиқгардида, то 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмонаш ба итмом хоҳад расид.

Инчунин, таҷдиду таъмири пули роҳи оҳан ва автомобилгард дар хиёбони Б. Ғафуров ва кӯчаи А. Ғуломов ба анҷом расида, ба истифода дода шуд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади боз ҳам сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру роҳнамоии Раиси шаҳр ва дар асоси «Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021» аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4145 чорабинии гуногун, бахусус дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ, бо таъсиси беш аз 23 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шуда, қисми зиёди онҳо аллакай ба истифода дода шуданд.

Баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳо то 1 январи соли 2021 дар шаҳри Душанбе беш аз 3516 чорабинӣ амалӣ карда шудааст, ки ин 85 фоизи иҷрои нақшаи умумии тасдиқгардидаро ташкил медиҳад.

Бо ин мақсад соли сипаригардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе барои бунёди 7 адад меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияҳои пойтахт санги асос гузошта шуд, ки айни ҳол дар онҳо корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохт­мони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Ҳамчунин, соли сипаригардида, дар 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19,0 километр, дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр, дар 1 иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр роҳҳо сохта ба истифода дода шуда, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар заминаи ист­гоҳи мавҷуда сохтмони 47 истгоҳи нави замонавӣ бунёд гардидааст.

Қобили зикр аст, ки корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (эстакадаи Қарияи боло) бо дарозии 4,2 километр ба анҷом расида, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, сохтмони роҳи автомобилгарди назди бозори «Корвон» бо дарозии 1,85 км амалӣ гардида истодааст.

Бояд зикр кард, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии аз 50 то 70 метр ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардидааст.

Аз дастовардҳои мондагор то ояндабинии устувор

Барои истиқболи арзандаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи бомароми нақшаҳои мавҷуда ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмиру навсозии роҳҳо ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ба рушди суръатноки маҳсулоти сифатнок ва шинохти мақоми волои пойтахт боис гардида, рӯз аз рӯз раванди тоза касб менамояд. Дар ин замина, зикр кардан бамаврид аст, ки дар пойтахт ба истиқболи ин санаи арзишманди таърихӣ дар майдони қариб 9 гектар корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе сохта шуда, қисме аз онҳо аллакай мавриди истифода қарор гирифтанд.

Мутобиқи маълумоти мавҷуда, дар ин ҳудуд ширкатҳои бузурги ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, асосан корхонаҳои коркарди маҳсулоти пахтагин, дӯхти либосҳо ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти нонӣ, меваи хушку афшура, истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, коркарди сангҳои рангаю худҷило, истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ, таҷҳизоти барқӣ, истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.

Бо таваҷҷуҳ ба ­далелҳои мавҷуда ва татбиқи босамари нақшаҳои пешбинишуда, илова намудан бамаврид аст, ки дар партави дастуру супоришҳои созандаи Пешвои миллат ва назари тозаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази тамаддуни тоҷикон симояшро комилан дигаргун намуда, тамошогоҳ ва макони сайру саёҳати шумораи зиёди хориҷиён гардидааст.

Дар умум, маҷмӯи зиёди иншооту биноҳои бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёдгардида, боғу гулгашт ва таҷдиду навсозии хиёбону кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳсули тозакориҳои босамари шаҳрдори ҷавон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Зоир РАҲМОНЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон