Дар дунё ҳама чиз моҳият дорад. Ҳатто хурдтарин зарраҳое, ки ба чашм наменамоянд, дорои аҳамият ва рисолат ҳастанд. Дар миёни ин ҳама шайъ нақш ва ҷойгоҳи одамизод чист? Оё ба моҳият фикр мекунад? Тафаккур ва ҳуши ҷомеа то куҷо фаъол аст? Деҳнишинии мо дар чӣ хулоса мешавад? Шаҳрнишинон аз чӣ фарҳанг бархӯрдоранд? Нанги деҳотиёну ғурури шаҳриёнро чӣ мешиканад? Дар кӯчабоғи деҳаву хиёбонҳои шаҳр чаро саргардонем?..
Суолҳо зиёданд ва посух мехоҳанд. Шояд ҷавоби онҳо дар китобе дарҷ аст, аммо беҳтар аст, ки посухро аз худамон пурсем. Мо – инсонҳо китоби мушкилхоне ҳастем, ки розу рамзи зиндагиамон пинҳон аст. Пас набояд аз касе гила кунем, аз дигарон забони шиква бикшоем ва дар ин миён худро фаромӯш созем.
Юсуфи канъониро бародарон ба чоҳ андохтанд, аммо наҷот ёфт. Корвоне ӯро ба Миср бурд ва он ҷо барда шуд. Аммо Юсуфи ғулом аз мисриён фарқ дошт. Вай ба инсон будани худ, ба рисолати хеш меандешид. Худро ба нури маърифат, ҳикмату хирад орост ва ба сӯи камоли инсонӣ ҳаракат кард. Юсуф аз деҳкадае бо исми Канъон омада буд ва рӯзе Миср – он шаҳри азимро аз дигар сохт. Инқилоберо дар вуҷуди мисриён, ки худро соҳиби шаҳри мутамаддин медонистанд, ба вуҷуд овард. Равзанаи дилҳои онҳоро ба сӯи нур боз кард, ишқро, муҳаббатро, адолату садоқат ва одамиятро дар вуҷудашон бедор намуд. Марде аз деҳ омад ва маркази тамаддуни бостониеро тағйир дод, онро ба сӯи шукуфоию растагорӣ ҳидоят сохт.
Душанбе марказ, балки маҳди фарҳангу тамаддуни муосири мо — тоҷикон гаштааст. Бисёре аз мо мисли Юсуф аз деҳа омадаем, то Душанбеи дигаре созем. Душанбеи сабзтар, зеботар, ободтар ва мутамаддинтар. Мо ҳам Душанберо сохта истодаем. Биноҳои хуштарҳ қад ба афлок мекашанд, хиёбонҳо, боғҳо сабзу муаттар мешаванд. Оре, Душанбе дигаргун мегардад, аз нав сохта мешавад, аммо суол ин аст, ки оё худро бозсозӣ мекунем ё не? Ё ба худсозӣ ниёз надорем?
Аз Ҳасани аробакаш то нақлиёти мусофиркаш
Шаҳрҳо дорои фарҳанг, суннат ва ахлоқи хос ҳастанд, ки дар тӯли садсолаҳо шакл мегиранд. Душанбе ҳам аз ин истисно нест. Сокинонаш намояндагони деҳаҳои ҷумҳурӣ ҳастанд. Онҳо бо шеваи гуфтор, урфу одат, ахлоқ ва ҷаҳонбинии хоси маҳали худ дар шаҳр сокин шудаанд. Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки Душанбе чаманистонест, ки дар он гулҳои рангоранг руставу ҳар кадоме тобиш ва зебогии хоси худро доранд.
Муҳимтарин рукни ҳар ҷомеае ахлоқ аст. Хушахлоқӣ ё бадахлоқӣ меъёрҳое ҳастанд, ки мо нисбат ба инсоне, гурӯҳе, ҳатто ҷомеае истифода мебарем. Одами хушахлоқро дигарон бомаданият ё бофарҳанг мегӯянд. Яъне, инсоне, ки рафтору гуфтор ва кирдору амалаш мутаносиб ба меъёрҳои ахлоқӣ, маънавию маърифатӣ аст.
Дар кӯчаву бозор, дохили нақлиёти мусофиркаш ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ шоҳиди он мегардем, ки одамон якдигарро дашном медиҳанд, бо овози баланд суҳбат менамоянд, мусиқиву суруд гӯш мекунанд… Дар дӯконҳои фитафурӯшӣ филмҳои туркӣ ё сурудеро бо овози баланду гӯшхарош гузошта, бо ҳамин маҳсулоташонро «реклама» менамоянд. Агар ба ин корашон эрод гирӣ, ба бало мемонӣ ё дашном мешунавӣ ё дандонҳо ба ҳам соиш хӯрда, муштҳо гиреҳ мешаванд.
Ҳар лаҳза мушоҳида мешавад, ки нафаре носи кафи дасташро ба таги забон мепартояду бо даҳони пур ба гап медарояд ва баъд онро ба ҳар куҷое, ки рост омад, туф мекунад. Дар ин ҳолат дил беҳузур мешаваду шеъри машҳури Карим Девона «Туф-туфи нос дар меҳроб» ба хотир меояд.
Дар ибтидои асри бист нақлиёти асосӣ аспу аробаву хар буд. Истифода ва тарзи муомилаи соҳибони аспу аробаву харро устод Мирзо Турсунзода дар достони «Ҳасани аробакаш» ин гуна тасвир мекунад:
Пӯшт машкоб!
Бохабар, мардум!
Ба қафоят нигаҳ кун, нонвой!
Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ,
Хари худро каш аз даруни лой!
Бо чунин дӯғу валвала омад
Ҳасани ошно аробасавор.
Одамонро ба ду тараф ронда,
Мегузашт аз миёнаи бозор.
Айни ҳол, аспу аробаву харро мошин иваз кардааст, аммо мазмуни куҳна дар шакли нав зуҳур намудааст. Пулчинакҳои мошинҳои мусофиркаш мисли ҳамон Ҳасани аробакаш бо дӯғу валвала, доду фарёд, баъзан ними баданашон аз тирезаи дари мошин берун дар роҳҳо пайдо мешаванд: Хола, апа, тағо, духтарак… биё, савор шав! Танка, Сафина, Султони Кабир, Саховат, Корвон… Онҳо як ба як истгоҳҳои самти ҳаракаташонро номбар мекунанд. Гоҳо ронандаҳои аз кори пулчинакҳо норозӣ овоз мебароранд: «Ҳой бача, хобат бурдааст, баландтар дод зан!».
Агар нафаре ба кори онҳо эрод гирад, зуд посух медиҳанд: «мошини мо маъқул набошад, фаро ба таксӣ шин!». Илова бар ин, суруду мусиқиро баланд мегузоранд, аслан намеандешанд, ки дар мошинашон шояд дардманде, мотамзадае, одамони хаставу шалпар… савор шудаанд.
Бо чунин фарҳанги мусофиркашонӣ мо моҳиятан ба худ механдем. Вақте меҳмоне аз кишвари дигар ба шаҳри мо меояд, ин ҳолро мушоҳида карда, чӣ хотироте аз шаҳри мо мебарад?
Оё худро аз нав бисозем?
Шаҳр – хиёбонҳои пур аз мошин, биноҳои баландошёна, издиҳоми одамон. Сокинони шаҳр аз ҳамдигар фосила мегиранд, табақабандӣ мешаванд: доро, миёнаҳол ва камбағалҳо. Аммо шигифтангез он аст, ки ин қишрҳо аз назари тафаккур ва маънӣ аз ҳам чандон фарқ надоранд. Онҳое, ки мошинҳои гаронқимат савор мешаванд, либосҳои шик мепӯшанд, дар хонаҳои боҳашамат зиндагӣ мекунанд, аз онҳое ки зиндагиашонро базӯр сар ба нӯг менамояд, танҳо бо доро будан фарқ доранд. Маърифат ва одамияташон яксон аст. Амммо, суоле пайдо мешавад, ки чаро барои шинохти мақоми инсонӣ коре намекунем? Пул ва сармояе, ки дорем, барои бозсозии ҳастии хеш сарф намесозем? Чаро аз ҳамдигар фосила мегирем? Чаро ба ҳамдигар бегона мешавем? Фарҳанги бегонагӣ моро ба куҷо мебарад?
Касе дӯғи худро турш намегӯяд. Айби худро дида тавонистан ва аз паи ислоҳи он шудан камоли хирадмандист. Аммо дар ғафлат зистан сахт аст.
Инсоне, ки худро намешиносад, наметавонад, соҳиби фарҳангу маърифати воло бошад. Наметавонад ба худшиносии миллӣ бирасад. Сокини шаҳр будан соҳиби тамаддун будан аст. Инсоне, ки ҳувияти худ ва арзишҳои миллиро дарк намекунад, худбохта аст.
Дар Қарияи Боло мардеро дидам, ки ҳамроҳонашро насиҳат мекард: ин дунё бақо надорад, ҳазрати Нуҳ ҳазор сол умр дид, дар хаскапа зист. Аз ӯ пурсиданд, ки чаро барои худ хона намесозӣ? Дар посух гуфт, ки ҳазор сол зистан кирои ташвиш кашида хона сохтанро надорад. Ин гуна андешаи инсонкуш то ҳол дар миёни мардум вуҷуд дорад. То кунун бо ҳамин гуна андеша ва тасаввуроти ғалат зеҳни ҷавонони моро заҳролуд месозанд. Ҳатто дар миёни мардум мақоле пайдо шудааст: «хондагиҳо чӣ шуданд, ки мо шавем?».
Дар кӯчаву бозор ҳатто дохили нақлиёти мусофиркаш шоҳиди дашном додану таҳқир кардан мешавем. Албатта, дар миёни миллату қавмҳои дунё дашном додан беш ё кам мушоҳида мешавад, вале ин маънои онро надорад, ки мо низ аз он фаровон истифода барем. Аммо бадии кор дар он аст, ки дашном додан ба як ҷузъи фарҳанг мубаддал гашта истодааст. Эътирофи ин сахт аст, вале наметавон аз ҳақиқат чашм пӯшид. Баъзеҳо дар ҳузури зану духтарон аз калимоте истифода мебаранд, ки аз шуниданаш гӯш ба фарёд меояд, чеҳраҳо сурх мешаванд. Одамоне, ки аз дашном додан фарсахҳо дуранд, аз онҳое, ки ҳақорат кардан барояшон одат шудааст, фосила мегиранд. Ин боиси ба вуҷуд омадани рахна дар ҷомеа мегардад. Хулосабарории мухталиф нисбат ба якдигар ба вуҷуд меояд.
Чунин ба назар мерасад, ки Душанбе шаҳри одамони асабонист. Дар нақлиёт мусофир ба сари ронанда дод мезанаду ронанда ба сари мусофир, дар бозор фурӯшанда ба сари харидор наъра мекашаду харидор ба сари фурӯшанда. Дар идораҳо шахси масъул ба сари корафтодаю корафтода ба сари одами масъул…
Мо бояд, воқеан ҳам, худро аз нав бисозем. Аммо кай ва чӣ тавр?
ВОРИС, «Садои мардум». Суратгир Н. АЛИЕВ