ДУШАНБЕ МИЗБОНИ ЧЕМПИОНАТИ ҶУДОИ ҶАҲОН

№ 20.09.2024

Аз 2 то 6-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон баргузор мегардад. Қарордод барои доир гардидани ин мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе рӯзи 3 – юми март дар шаҳри Тошканд ба имзо расида буд.

Тибқи иттилоъи Федератсияи байналмилалии ҷудо то имрӯз барои иштирок дар чемпионат аз 45 кишвар дархост расидааст.

Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон мусобиқаи байналмилалии сатҳи баландтарини ҷудо барои варзишгарони синнашон то 21 -сола маҳсуб меёбад.

Чемпионатҳо дар 1 сол як маротиба аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо гузаронида шуда, дар он ҷудокорон дар категорияҳои мувофиқ рақобат мекунанд.

Аз соли 2019 инҷониб дар чемпионатҳои ҷаҳон миёни наврасон имтиёзҳои рейтингӣ дода мешаванд, ки ба имтиёзҳои Гран-прии IJF барои рейтинги ҷаҳонии калонсолон, инчунин, имтиёзҳо барои наврасон дар рейтинги WRL баробаранд. Ин холҳо, инчунин, барои интихоб ба бозиҳои олимпӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки ин дуюмин чорабинии варзишии сатҳи ҷаҳонӣ аст, ки имсол дар Душанбе доир мегардад. Аввалин чорабинии чунин миқёс Dushanbe Grand Slam 2024 буд, ки моҳи май баргузор гардид.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА

“Садои мардум”