3-юми сетиябри соли равон ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 112 шиновар аз 6 давлат –Тоҷикистон, Россия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон иштирок доранд. Мусобиқа имрӯз ба анҷом мерасад.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода зимни маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ кулли варзишгарон-парчамбардорони Ватани азизамон ва меҳмононро, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, хайрамақдам гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо орзу намуд.
Инчунин, зикр намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар иқдомҳои муфид роҳандозӣ мегарданд.
Ҷалб намудани аҳолии кишвар, хоса ҷавонон, ба шиноварӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таваҷҷуҳ ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарғиби васеи он байни қишрҳои ҷомеа торафт меафзояд.
Гулбаҳор РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»