Маросими ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» якуми майи соли равон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ доир гашт.
Масъулини чорабинӣ гули лоларо машҳуртарин гули худрӯ арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки гули мазкур бо номи «арӯси сол» ва «маликаи табиат» машҳур буда, зиёда аз 100 навъи он маълум аст. Зикр гардид, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар ҷумҳурӣ аз соли 2019 баргузор мешавад. Он имсол аз рӯи номинатсияҳои «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Шаҳри беҳтарин» доир гашт.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки фестивал тибқи Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда, ҳадаф вусъат додани корҳои ободонӣ, тақвият бахшидани завқи зебоипарастӣ ва болобарии маърифати экологии сокинони ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳайати ҳакамон Боғи ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанберо дар номинатсияи «Боғи беҳтарин» сазовори ҷойи якум донистанд. Гулгашти назди бинои Сирки давлатӣ дар номинатсияи «Гулгашти беҳтарин» ҷойи якумро соҳиб шуд.
Дар номинатсияи «Маҳаллаи беҳтарин» ҷойи якум насиби маҳаллаи Борбади ноҳияи Сино гашт. Деҳаи Қайнари ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ғолиби номинатсияи «Деҳаи беҳтарин» ва Ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон «Деҳоти беҳтарин» эълон шуд. Дар номинатсияи «Шаҳраки беҳтарин» Ҷамоати деҳоти Сарбанди шаҳри Левакантро ба ҷойи аввал сазовор донистанд. Дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» ҷойи якум насиби ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гардид. Дар номинатсияи «Шаҳри беҳтарин» шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷойи аввалро сазовор шуд.
Ҳайати ҳакамон Шоҳҷоизаи фестивалро ба шаҳри Душанбе сазовор донистанд.
Ғолибон, инчунин, бо дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3 ва ташаббускорон, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар озмун иштироки фаъол доштанд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Марҷона СОЛИҲЗОДА,
«Садои мардум»