«Душанбе — шаҳри ҳушманд»

№64-65 (4804-4805) 22.05.2024

441181471_921944093276848_5698076354720608083_nБо ҳамин ном бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 20-уми майи соли 2024 дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.

Тавре масъулини чорабинӣ иттилоъ доданд, дар намоишгоҳ ҳудуди 50 идораю ташкилот, аз ҷумла муассисаҳои инноватсионию технологӣ, илмию таълимӣ, ширкатҳои бахши IT-и ҳудуди шаҳри Душанбе, дастовардҳои илмию инноватсионӣ ва техникию технологии худро ба маъраз гузоштаанд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иттилоъ дод, ки ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон бо ташаббуси бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ ба техникаю технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, ташаккули фарҳанги техникӣ, сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон, ҷалби хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Дар доираи чорабинӣ баргузор гардидани форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, конференсияи илмӣ оид ба «Зеҳни сунъӣ ва омӯзиши он дар муассисаҳои таълимӣ», дарси маҳорат, инчунин, озмунҳои «Омӯзгори муосир», «Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ» низ дар назар аст.

Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе то 24 май идома ёфта, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»