Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ 47 шаҳру ноҳияи мамлакат оид ба иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
14-уми майи соли равон нақшаи даъвати баҳории ҳарбӣ дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба итмом расид. Бояд гуфт, ки ҳанӯз дар оғози даъвати баҳорӣ масъулони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш дода буданд. Давоми моҳи апрел то ин дам чорабинии даъвати баҳории ҷавонон ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар 21 шаҳру ноҳияи дигар низ ба пуррагӣ ҷамъбаст карда шуд. Қобили қайд аст, ки дар давоми 10 соли охир бори аввал иҷрои даъвати ҳарбӣ дар қаламрави вилояти Хатлон пеш аз муҳлат ба анҷом мерасад.
Ҳамин тавр, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе низ нақшаи даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро намуданд.
Ҳоло иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 88 фоиз баробар буда, дар вилояти Суғд бошад, 67 фоизро ташкил медиҳад.
Соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат иқдоми ҷумҳуриявӣ «Истиқболи сарбози Ватан шараф аст!» роҳандозӣ гардид. Дар доираи он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷавононеро, ки қарзи шаҳрвандӣ — хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, сарбаландона ба назди волидайн баргаштаанд, бо суруру шодмонӣ истиқбол мегиранд.
Инчунин, сарбозони далери Ватанро дар фазои тантанавӣ то манзили истиқоматиашон бурда, барои садоқатмандона ҷамъбаст намудани хизмати аскарӣ ва тарбияи чунин ҷавонмардони ватандӯст ба волидони онҳо изҳори сипос намуда, ба сарбозон туҳфаю сипосномаҳо супорида мешавад.
Иқдоми мазкур шоистаи дастгирӣ буда, меҳри ҷавононро ба ҳифзи марзу буми Ватан бештар мегардонад. Ҳимояи марзу буми Ватан ва обод гардонидани он вазифаи имонию виҷдонии ҳар шаҳрванди мамлакат, бахусус ҷавонони бонангу номус, ба ҳисоб меравад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»